ХАБАРҲО

2022-12-12: МАЪРИФАТНОКӢ

Барои рушди соҳибкорӣ ва воридотивазкунанда будани молу маҳсулоти ватанӣ Ҳукумати кишвар имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам намуда истодааст. Вобаста ба ин, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагонро зарур аст, ки дар доираи талаботҳои меъёрӣ ва қонунҳои амалкунанда фаъолият намоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истеҳсолӣ ва риояи дурусти талабот ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ 7-уми декабри соли равон, дар Маркази ташхисии Тоҷикстандарт дар шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ бо истеҳсолкунандагони либосҳои мактабӣ ва либосҳои ҳарбӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар роҳбарияти марказ, мутахассисон, намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон ширкат доштанд.

Дар семинар қайд гардид, ки бо мақсади ҳимояи бозори дохилӣ аз маҳсулоти саноатии ба саломатии инсон зараровар, бахусус либосҳои кӯдаконаю мактабӣ ва баланд бардоштани талаботи сифатнокӣ ва бехатарии маҳсулоти воридшаванда, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 «Дар бораи Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъйиноти кӯдакон ва наврасон» қабул шудааст, ки талаботи ҳатмӣ дорад.

Мутахассисони маркази мазкур оид ба стандарт ва талаботи ҳатмӣ ва бехатарии либосҳои ҳарбӣ низ, суханронӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки тайи чандвақти охир аст кормандони Агентии Тоҷикстандарт ва марказҳои зертобеи он бо истеҳсолкунандагон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии либосҳои мактабӣ ва либосҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинар – машварат гузаронида истодааст. Дар рафти гузаронидани корҳои омӯзишӣ аз онҳо даъват ба амал оварда мешаванд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ фаъолият намуда, дар баланд гардидани сифати маҳсулот ва бехатарии он диққати ҷидӣ диҳанд.