ХАБАРҲО

2022-06-22: Истењсолоти нассољї дар рушди саноат наќши асосї дорад

Истеҳсоли пахта ва коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар, яке аз воситаҳои асосии рушди саноати сабук буда, самаранокии иқтисодиёт, содироти маҳсулоти баландсифат, воридоти сармоя ва ба рушду нумў ёфтани соњаи нассољии кишвар заминаи мусоид фароњам меорад.

Маркази ташхисии Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тољикстандарт ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ва татбиќи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти босамар намуда истодааст.

Пайваста намунањои корхонањое, ки ба истењсолот ва коркарди нахи пахта сари кор доранд аз санљиш гузаронида, ба талаботи меъёри стандартњо љавобгў будан ё набудани он протоколи ташхисї медињад. Инчунин, баъзе молу мањсулотњое, ки барои содирот нигаронида шудаанд, дар доираи талаботњои стандартњои байналмилалї бањогузори шуда, барои содирот иљозат дода мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ташхисии Нозироти пахта ва пилла бо таҷҳизотҳои нави муосири ташхисӣ муљањаз гардонида шуд. Дар Маркази ташхисии њуљраи махсусӣ баҳодиҳии сифати нахи пахта (ҳуҷраи классёрӣ) таъсис дода шудааст, ки мутахассисон ташхиси нахи пахтаро аз рӯи стандартҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда муҳлати гузаронидани ташхисро кўтоҳ намуданд.

Бо маќсади муаррифии мањсулоти ватанї ва дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ аз љумла мањсулотҳои нассољї дар соли 2021 озмуни љумњуриявии “Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Ҷумњурии Тољикистон” гузаронида шуд, ки дар самти пешрафти соҳаи нассоҷӣ хеле муҳим буд.

Бояд ќайд намуд, ки дар истеҳсолоти бофандагӣ барои истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ё омехта, сифати баланд аз раванди коркарди нахи пахта, бояд пурра ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ љавобгў бошанд. Инчунин, раванди технологии коркарди нахи пахта, титкунию омехтакунӣ ва якҷояшавии навъҳои нахи пахта дар сехи коркарди нахи пахта, сехи шонакунӣ, сехи лентаресӣ, сехи пиликресӣ (ровничный) ва сехи ресандагӣ дар раванди истеҳсолоти ресандагї риоя карда шавад.

Дар баробари ин бояд корхонаҳои нассоҷӣ ва дузандагӣ бозори истеъмолиро омўхта, риояи дурусти талаботи стандарти давлатӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот, аз он ҷумла либосҳои мактабӣ аз матоъи хушсифат, духти либос ва ҷалби мутахассисони соҳа фаъолияти худро ба роњ монанд.

Маркази ташхисии Нозироти пахта ва пилла дар оянда низ ҷиҳати дастгирӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолоти ватанӣ тамоми имкониятњои дар ихтиёрдоштаи худро истифода менамояд, то ки соҳаи ресандагї, бофандагї, кешбофї ва љуроббофї рушд кунад. Инчунин, дар тањким бахшидани рушди бемайлони саноатикунонии босуръати мамлакат сањми назарраси худро гузорад.

 

Мањмадхон Љурахонзода,

мудири Маркази ташхисии Нозироти пахта ва пиллаи

Агентии Тољикстандарт