ХАБАРҲО

2022-06-17: Риояи талаботи регламенти техникї омили рушди истењсолот

Чанде пеш дар бинои Агентии Тољикстандарт бо кормандон ва масъулини корхонањои истењсолии нўшокињои ѓайриспирт ва мањсулоти яхмосї мизи мудавар дар мавзўи «Риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї омили рушди истењсоли мањсулот» доир гардид.

Нахуст, аз љониби роњбарияти Агентии Тољикстандарт рољеъ ба масъалањои баррасишаванда иброз назар карда шуд. Њамзамон таъкид гардид, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди ҳамаљонибаи иқтисоди миллӣ, аз љумла тањким бахшидан ба рушди соњибкорї таваљљуҳи хоса зоҳир намуда, барои Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додан кўшиш ба харљ дода истодааст. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли мањсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корї яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллист.

Дар рафти семинар аз љониби мутахассисон масъалањои риояи талаботи регламентњои техникї дар самти бехатарии нушокињои ѓайриспиртї ва яхмосњо, тартиби намунагирї, сертификатсия, тамѓагузорї ва истифодабарии иловагињои хўрока дар истењсоли мањсулот, талаботи стандарт оид ба миќдори мањсулоти бастубандшуда дар бозори истеъмолї, талаботи муќаррарнамудаи њуљљатњои меъёрї оид ба нишондодњои микробиологї, кимиёвї, ва моддањои зањрноки мањсулоти ширї ва љорї намудани низоми бехатарии мањсулот хўрокворї тибќи тибќи стандартњои байналмилалї, фањмонида шуд.

Њамчунин, ќайд гардид, ки яхмос тамъ ва бўи хоси худро дорост. Таркиби он бояд якхела,бе доначањои равѓану маводи иловашудаи дигар ва яхпорањо бошад. Дар мавриди маззаи туршї, љўшондашуда, тезмазза, начандон ширин ё худ тамъи зарфи оњанин доштан, яхмос сифати худро гум менад. Агар яхмос аз њад зиёд ковок, дурушт, равѓанин ё резонак бошад, пас он рў ба вайроншавї дорад. Мувофиќат накардан аз рўи шаклу намуд: фалламонанд, обшудаистода, таркиби ноњамвор кафкдор ва ѓайрањо.

Воќеан, саҳми соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот назаррас аст ва Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад.

 

 

 

Фирдавси Абдурањмон