ХАБАРҲО

2022-06-16: Аҳамияти умумибашарии ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳифз ва истифодабарии оби тоза

Сафарзода Мансур, муовини директори Агентии Тољикстандарт

 

Дар љањони имрўза таъсири равандњои љањонишавї рўз то рўз афзун гардида, хатару ситезањои навро ба монанди (амнияти озуќаворї, таѓйирёбии иќлим, вазъи экологии љањон)-ро ба миён меорад. Аз ин рў, пешгири ва њаллу фасли чунин масоил бидуни талошњои дастаљамъї дар сатњи љомеаи љањонї имконнопазир аст. Љумњурии Тољикистон њамчун ќисми људонашавандаи љомеаи љањонї, аз таъсири чунин хатарњои глобалї дар канор монда наметавонад ва дар ин росто кишвари азизи мо бо ташаббусу ибтикороти наљиби худ љињати њалли мушкилоти глобалї аз минбарњои баланди созмонњои бонуфузи байналмилалї баромад намуда пешнињодњои худро ироа менамояд. Дар робита ба коњиш ёфтани захирањои обї, афзоиши истеъмоли он, таѓйирёбии иќлим, обшавии пиряхњо, ба ярч мубадал гардидани кўњњу тепањо ва дигар омилњое, ки барои ояндаи ањли башар метавонанд хатар бамиён орад, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон пайваста кўшишу талош ба харљ дода истодаанд, ки таваљљуњи љомеаи љањониро љињати њалли сариваќтии ин мушкилотњои табии љалб созад.

Ќобили ќайд аст, ки дар як муддати кутоњ Љумњурии Тољикистон тавонист бо ташаббусњои башардўстонаи худ дар њалли мушкилоти љањонї сањми арзандаи худро гузорад. Имрўз Тољикистон аз љониби љомеаи љањонї њамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалањои об пазируфта ва шинохта шудааст.

Хизматњои фарзанди баруманди халќи тољик, яке аз симоњои барљастаи сиёсати љањони муосир, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар ин самт хеле бузург арзёбї гардида истодааст. Зеро ташаббус ва пешнињодњои созандаи ин марди фарзонаи миллат барои љалби диќќату таваљљуњи ањли башар, барои њаллу фасли мушкилоти марбут ба об, вазъи экологї, таѓирёбии иќлим ва дигар масъалањои марбути онњо борњо мавриди ќадрдонї дар нишастњои сарони давлатњо дар хориљ ва дохили кишвар дастгири ёфтаанд.

Аксари коршиносони љањонї эътироф менамоянд, ки талошу ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар њаллї оќилона ва одилонаи масъалањои глобалии љањони муосир нињоят муассиру беназиранд. Ўро њамчун роњбари хирадманду оянданигар медонад, ки раванди љањони имрўза љањони њамгироист ва њељ кишваре дар алоњидагї наметавонад аз ин тањдиду хатарњо рањои ёфта, рушди босубот ва амнияти пойдори кишвари худро таъмин намояд. Бинобар ин, дар чандин марњилањо мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст асароти худро ба минтаќаи Осиёи Марказї ва умуман, ба дигар кишварњои љањон расонанд, дурнамо пешбинї намуда, барои дарёфти роҳи њалли муносиби онњо пешнињодњои судманд ба миён мегузорад.

Роҳбарони кишварњои љаҳон ва созмонҳои байналмилалї дар аксар мавридњо аз пешниҳоду ташаббусҳои судманди Сарвари давлати Тоҷикистон истиқбол ва пуштибонї менамоянд. Воқеан, Пешвои миллати моро дар сатҳи байналмилалї бо ташаббусҳои одилонаю башардўстона ва созандааш мешиносанд ва тавассути Роњбари давлат номи Љумњурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон муаллифи чањор ташаббуси созандаи бунёди дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи љаҳон аз тарафи Созмони Милали Муттањид пазируфта шудаанд.

Истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин раванд, масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва ташаккулёбии саноат, иљтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некўаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан дар ҷаҳони имрўз, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаљамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои хусусияти умумиљањонидошта равшан ба назар мерасад. Яке аз ниҳодҳои олие, ки дар замони муосир чунин ҳамкориҳоро ба роҳ меандозад, ин Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад, ки дар доираи фаъолияти худ бо ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашариро дастгирї менамояд.

Тољикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар он захираҳои калони об мављуд буда, дар кўҳҳои осмонбўсаш, ки ганљинаи табиии оби тоза маҳсуб меёбанд, захираи пиряхҳо низ зиёданд, ки онҳо яке аз афзалиятҳои миллї маҳсуб меёбанд ва давлати мо ҳамеша ҷонибдори истифодаи самарноки онҳо мебошад.

Боиси сарфарозист, ки чанд сол ќабл ҷаласаи 71-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Қатъномаи худ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028 қабул намуд, ки 193 давлати аъзои ин созмон ин иќдомро дастгирї намуданд.

Ин гувоҳи он аст, ки Тољикистон бо роњбарии Пешвои хирадманди худ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллї дар сатњи њамкорињои байналмилалї пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад. Мисоли инро мо метавонем дар татбиқи барномаҳои зикрёфта мушоҳида намоем, ки аз татбиқи онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик метавонанд манфиатдор бошанд.

Муњим будани қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро СММ тавре асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Аз ҷумла дар Қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинї, биёбоншавї, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда ављ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нўшидании бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагї, нобаробарї ба дастрасї, офатҳои гидрологї ва норасоии об оварда мерасонад».

Об ҳанўз ҳам масъалаи мубрами глобалї боқӣ мемонад. Тибқи маълумот, дар љаҳон тақрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва 2, 5 миллиард нафар ба шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, 1,3 миллиард нафар бо неруи барқ таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ дар сайёра пайваста зиёд шуда, талабот ба истеъмоли об ва неруи барқ меафзояд. Маҳз ҳамин вазъ арбоби барҷастаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмонро водор сохт, ки ба љомеаи љањонї бо ташаббуси нави башардўстона мурољиат намояд. Ҳамин тариқ, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028, ки Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намудааст, ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудї ва хушбахтї меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошанд. Обрӯю эътибори байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дурандешӣ, заковатмандӣ ва башардӯстии олии ӯ сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро низ дар арсаи ҷаҳон боло мебарад. Зеро ҳалли проблемаи глобалии об дар доираи як кишвар ҳал намегардад. Ҳар як инсон, сарфи назар аз нажод, миллат, дониш, эътиқод ва синну сол ба об эҳтиёҷ дорад.

Тавре ки мо огањем аз 6 то 10 июни соли равон дар кишвари мо конфронси байналмилалӣ бо иштироки мақомоти Тоҷикистон ва садҳо намояндагони баландпояи хориҷӣ баргузор мегардад, ки аз натиљаи чансолаи роњандозї кардани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 натиљагирї мегардад. Њамчунин, барои минбаъда чї корњоро ба сомон расонидан, масъалагузорї карда мешавад.