ХАБАРҲО

2022-06-14: Натиљагирї аз фаъолияти Агентї дар семоњаи якум

 

15 апрел љаласаи мушовараи љамъбасти фаъолияти Агентї дар семоњаи якуми соли 2022 баргузор гардид. Дар љаласа кормандони дастгоњи марказї ва роњбарони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї иштирок намуданд.

Тибќи рўзномаи љаласа фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар семоњаи якуми соли 2022 натиљагирї шуда, инчунин, вазифањо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.

Доир ба масъалаи рўзнома аз љониби директор, соњањои фаъолияти маќомот ва Марказњои зерсохтори Агентї дар ин давра мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифта, љиҳати ба иљро расонидани вазифаҳои навбатї дар соли 2022 ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Тибќи њисобот дар ин давра дар доираи иљрои супоришу наќша - чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон, барномаву Стратегияњои давлатї бо маќсади баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, дар ин замина дастгирии соњибкорї дар соњаи истењсолї, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон корњои мушаххас ба сомон расонида шудаанд.

Дар ин самт, њамоњангсозии стандартњои миллї бо стандартњои байналмилалї, таъмин намудани истењсолкунандагон бо санадњои меъёрї, гузаронидани семинар - машваратњо бо љалби корхонањои ватанї, таљњизонидани озмоишгоњњои ташхисї, љорї намудани низоми менељменти сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои ватанї, таќвият додани корњои фањмондадињї дар бозори истеъмолї ва дигар корњо роњандозї гардидаанд.

Дар раванди љаласа, аз љумла самтњои фаъолияти марказњои зерсохтор љињати њимояи бозори истеъмолї, назорати давлатии воситањои ченак, корбурди озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти хўрокворї ва сертификаткунонии молу мањсулот, мусоидат ба содироти мањсулоти кишоварзї ва дигар пањлуњои соња дар алоњидагї мавриди тањлил ќарор дода шуд.

Њамзамон, муовинони директор, сардорони раёсатњо, роњбарони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї вазифадор карда шуданд, ки оид ба камбудињои љойдошта наќша-чорабинињо тартиб дода, љињати бартараф намудани онњо дар фаъолияти минбаъда тадбирњои амалї андешанд.

Бо дарназардошти такмили ихтисоси мутахассисон, њамзамон, таъкид гардид, ки сардорони раёсатњо, роњбарони марказњои зертобеъ ба худомўзии санаду њуљљатҳои меъёрї, қонунҳои амалкунанда ва дигар дастуру нишондодҳои соҳа, бахусус регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон љиддї машғул шуда, бо ташкили дарсњои омўзишї савияи касбии мутахассисонро мунтазам баланд бардоранд.

Баъд аз баррасии масъалањо, аз љониби намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Амирзода Мањмуд фаъолияти Агентӣ дар семоњаи якуми соли 2022 натиљагирї шуда, вобаста ба иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, супоришу наќша - чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Барномаву Стратегияњои давлатї бо маќсади баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, дар ин замина дастгирии соњибкорї дар соњаи истењсолї, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, таќвият бахшидан ба рушди хизматрасонињо, ба танзим даровардани фаъолияти бозору нуќтањои савдо, инчунин, бозомўзии кормандон, риояи одоби хизмати давлатї, интизоми мењнат, пешгирии амалњои коррупсионї, ба тартиб даровардани коргузорињо, татбиќи ќонунњои амалкунанда ва дигар дастуру санадњои меъёрии соња, риояи ќатъии ќоидањои бењдоштї ва супоришњои мушаххас дода шуд.

Дар охир барои пешбурди босамари фаъолияти соња дар давоми сол љињати иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, њамчунин, љињати бо њисси баланди масъулиятшиносї ва нангу номуси ватандорї, содиқона ва амалњои неки созанда сањм гузоштан дар рушди минбаъдаи иљтимоиву иќтисодии мамлакат, бењтар намудани сатњу сифати зиндагии мардум ва тањкими истиќлолияти кишвар ба кормандони Агентї таъкид гардид.

Мурод Ашўрзода