ХАБАРҲО

2022-06-09: Фаъолияти озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтӣ

 

Озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нафтї, ќисми таркибии сохтори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб рафта, дар фаъолияти худ, ба сифати роњнамо Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон «Талабот ба бехатарии бензини автомобилї, сўзишвории дизелї, мазут ва сўзишворї барои муњаррикњои реактивї», њуљљатњои меъёрию њуќуќии байналмилалї, ки дар Љумњурии Тољикистон эътироф шудааст, амалӣ мегардонад.

Озмоишгоњ дорои «Шаҳодатномаи ваколати санљишї» буда, аз тарафи системаи миллии сертификатсияи Љумњурии Тољикистон њамчун озмоишгоњи дорои салоњияти техникї ва мустаќил ба стандарти ISO/МЭК 17025-2019 аккредитатсия шудааст. Озмоишгоњ тибќи доираи ваколати худ ва талаботи стандартњои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва миллӣ оид ба усулњои гузаронидани ташхисњо бо асбобу таљњизот ва лавозимоти озмоишї муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар озмоишгоњ ташхиси устувории детонатсионї мутобиќи стандартњои байнидавлатии ГОСТ 8226 ва ГОСТ 511 дар дастгоњи «УИТ-65», њарорати аланга дар зарфи кушода ва пӯшида дар асбоби «ТВ-1» ва «ТВ-2» тибќи стандартњои байнидавлатии ГОСТ 4333, ГОСТ 6356, миќдори сулфури таркиби маҳсулоти нафтї дар таљњизоти «АСЭ-2» тибқи стандарти байнидавлатии СТ ЉТ ГОСТ Р 51947, миќдори об ва таркиби фраксионї мутобиќи стандартњои байнидавлатии ГОСТ 2477, ГОСТ 2177 ва часпакии кинематикї тибќи стандарти байнидавлатии ГОСТ 33 бо истифода аз асбоби «Термостат ВИС-Т-05» гузаронида мешавад.

Инчунин, дар озмоишгоњ чуќурии даромади сўзан, ёзиш ва мулоимшавї бо ёрии «њалќа ва саќќо» дар битуми нафтї (ќир) мутобиќи стандартњои байнидавлатии ГОСТ 11501, ГОСТ 11505, ГОСТ 11506 муайян карда мешавад. Дар озмоишгоҳ тақрибан ҳама намуди мањсулоти нафтӣ, аз қабили бензини автомобилї, сўзишвории дизелї, сўзишвории печї, равѓанњои молидании наќлиётии гуногун, моеи наќлиётї, битуми нафтї (ќир), моеъњои зидди яхшавии дорои њарорати яхбандии паст ва ѓайра аз ташхис гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми гузаронидани ташхисҳо оид ба муайян намудани нишондињандаҳои сифат дар бензини автомобилї нишондиҳандаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: адади октанї бо усули тадќиќотї ва моторї, таркиби фраксионї, зичї ва миќдори њиссаи сулфур.

Ҳангоми гузаронидани ташхиси сўзишворињои дизелию печї бошад, асосан нишондиҳандаҳои часпакии кинематикї, њарорати аланга дар зарфи  пӯшида, зичї, миќдори об ва ѓашњои механикї, таркиби фраксионї, миќдори њиссаи сулфур муайян мегарданд.

Њадафи асосии кормандони озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нафтї пеш аз ҳама њимояи бозори истеъмолии Љумњурии Тољикистон аз воридот ва ба фурўш баровардани мањсулоти нафтии ѓайристандартї ва таъмин намудани бехатарии вазъи экологї маҳсуб меёбад.

Мирзошариф Самиев,

мудири Озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нафтї