ХАБАРҲО

2022-06-09: Интихоби ҳама гуна маҳсулоти ватанӣ мувофиқи мақсад аст

Аз рӯи гуфти мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ дар замони гузашта мурғҳои зоти бройлерро парвариш наменамуданд. Бройлер аз калимаи англисии «бройл» гирифта шуда, маънояш «дар оташ доғ кардан аст» ва зоти мурғҳои гўштӣ буда, тухм намегузоранду пас аз 6-8 моҳи парвариш ҳамчун гӯшт ба рафҳои мағозаҳо ба савдо бароварда мешавад. Албатта дар таркиби гӯшти онҳо ҳормонҳо ва антибиотикҳо мавҷуд аст, зеро аз сабаби он, ки ин мурғҳо ба касалиҳо гирифтор мешаванд, ба таркиби хӯроки онҳо антибиотикҳо ҳамроҳ карда шуда, ба онњо  доруњои алоњида низ мегузаронанд. Ғайр аз ин, ба хӯроки онҳо барои тез инкишоф ёфтанашон ҳормонҳои зудинкишофдиҳанда ҳамроҳ карда мешавад.

Гӯшти мурғи яхкунонидашуда нисбати гӯшти мурғи хунуккардашуда арзонтар аст. Бисёрии харидорон гӯшти яхкардашударо харидорӣ менамоянд, зеро бар ҳар ҳол ба яхдон гузоштан лозим меояд. Аммо ба тамғақоғази гӯшти мурғи яхкунонидашудаи давлатњои хориљї назар афканед: чӯҷаи бройлери яхкунонидашуда, намакоб дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока, намаки ошӣ, стабилизатори Е451, Е452, эмулгатори Е415.

Бояд дар хотир дошт, ки стабилизатори Е451, Е452 кислотаи намаки ортофосворӣ мебошад ва дар миқдори зиёд метавонад миқдори холестеринро зиёд намуда, сабабгори ба вуҷуд омадани касалиҳои саратон гардад.

Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки пас ин иловагиҳо барои чӣ лозим аст? Эмулгаторҳо ва стабилизаторҳо намиро хуб нигоҳ медоранд ва ҳангоми яхобкунонии гӯшт об аз таркиби гӯшти мурғ ҷудо нагардида, дар дохили он мемонад.

Аз рӯи меъёрҳои стандартњо ҳангоми яхобкунии гўшти мурғ вазни он набояд аз 4 фоиз кам шавад. Аммо ҳангоми доғ додан то чанд андоза гўшти мурғ бояд вазни худро гум намояд, дар ҳеҷ куҷо ба меъёр гирифта нашудааст. Ҳамин нуқтаи назарро ба ҳисоб гирифта истеҳсолкунандагон дар хориљ бо ҳамроҳии гӯшти мурғ фурӯши обро ба роҳ мондаанд. Пеш аз яхкунонӣ ба дохили пусти гӯшти мурғ бо воситаи сўзан намакоб мегазаронанд, ки миқдори он аз виҷдони истеҳсолкунандагон вобаста дорад. Пас аз доғкунӣ маълум мегардад, ки мурғи харидаи мо қариб нисфи вазни худро гум намудааст.

Аз рӯи ќоидаи муќарраршуда ҳангоми яхобкунонӣ мурғ набояд аз 4%-и вазни худро гум кунад. Аммо истеҳсолкунандагон ин ќоидаро вайрон намекунанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо «мурғ» ном нагирифта, «масолеҳи нимтайёр» (полуфабрикат) ном мегирад. Барои ҳамин ҳам ин маҳсулот метавонад, ки на 4%-у 10%, балки то 60% вазни худро гум намояд ва инро ҳеҷ кас маҳдуд карда наметавонад. Намакобро чанд қадаре метавонӣ ба дохили мурғ ҳамроҳ намоӣ ва мурғи як килограммиро то ба якуним килограмм расонӣ. Ба гуфти истеҳсолкунандагон ҳамаи ин ба манфиати истеъмолкунандагон хоҳад буд, зеро имкони мурғи қимматро бо нархи арзон дастрас намудан фароҳам оварда шудааст.

Барои ҳамин ҳам тамғаќоғази онро бодиққат хонед. Агар дар таркиби он «намакоб (рассол) дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока» навишта шуда бошад, маълум мегардад, ки ин мурғ набуда, маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) мебошад ва ҳангоми доғ додан қариб нисфи вазни худро аз даст медиҳад.

Мурғи яхкунонидашуда бояд то ним сол нигоҳ дошта шавад, аз ин сабаб ҳамин хел шуданаш ҳам мумкин аст, ки мурғи муҳлати истифодааш гузаштаро низ ба фурӯш гузошта бошанд. Барои ҳамин ҳам ҳангоми харидорї намудан аз фурӯшанда талаб намудани чекро аз хотир набароред, зеро агар ба шумо маълум гардад, ки ин мурғи харидорӣ намудаи шумо муҳлати истифодааш гузаштааст, метавонед онро пас гардонед.

Ҳангоми харид гўшти мурғи дуюмбора яхкунонидашударо ошкор намудан мумкин аст. Аз гӯшти мурғ ях ҷудо мегардад; дар зери борбасти он хуни яхкарда намудор аст; пўсти он доғҳо дорад ё сохти берунии он шакли худро гум кардааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гӯшт бори дуюм ях кунонида шудааст.

Қисми зиёди гӯшти мурғҳое, ки дар хориљ ба муомилот бароварда мешаванд, гирифтори касалии салмонелез мебошанд. Инро донишкадаи умумируссиягии озмоишҳои истеъмолӣ муайян намудааст. Салмонелез касалии инфексионии меъда мебошад, ки нишонањои хоси худро дорад.

Мумкин аст, ки ҳар яки мо аз чунин гӯшти гирифтори чунин беморӣ истифода намуда бошем. Аммо на ҳама ба ин касалӣ гирифтор мешаванд. Иммунитети одами калонсол ба ин беморӣ тобовар аст. Аммо организми кӯдаки хурдсол ба ин тобовар нест ва баъди истеъмоли ин намуд гӯшт метавонад ба заҳролудшавӣ гирифтор шавад. Дар ҳолатҳои вазнинӣ ин касалӣ ба муолиҷа дода намешавад.

Барои ҳамин ҳам мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки барои истеъмол намудан, гӯшти мурғро ҳатман бо равған дар дараҷаи 200 градус доғ диҳед ва 30 дақиқа бо оташи паст гузоред. Ин касалӣ баҳарорати баланд тобовар нест.

Ҳамаи он асбобҳое, ки ҳангоми реза кардани гӯшти мурғ истифода намудед, бо оби ҷӯш шуед, зеро ин касалӣ паҳншаванда аст. Инчунин, гӯшти мурғи муҳлаташ гузашта ва ё вайроншударо бо моеъњои махсуси кимиёвї тоза намуда, ба фурӯш мегузоранд, ё ин ки аз он дигар маҳсулот тайёр менамоянд. Барои ҳамин ҳам пеш аз харидорӣ метавонед онро бӯй кашед, агар бӯи хлор намояд, дар ин ҳолат онро бо белизна шустаанд.

Хушбахтона имрўз бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон соњаи паррандапарварї дар кишвар рушд карда истодааст ва барои таъмин намудани бозори истеъмолї бо гўшт ва тухми мурѓ њамасола тадбирњои судманд андешида мешаванд ва табиист, ки фаъолияти корхонањои ватании паррандапарварї мунтазам зери назорат ќарор дода мешаванд ва ба бехатарии мањсулоти онњо кафолат дода мешавад. Аз ин лињоз, интихоби њама гуна мањсулоти ватанї мувофиќи маќсад аст.

Сабзалї Иззатов,

Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатї дар саноати сабук