ХАБАРҲО

2022-06-09: Вохўриҳои судманд Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ин замина дар ҷамоату деҳоти шаҳри Роғун бо сокинон вохўриҳо доир карда шуд.

Дар ин раванд гурўњи корї аз вазъи рўзгори мардум, муассисањои соњаи марориф, тандурустї ва фарњанг дидан карданд. Дар љараёни вохўрию суњбатњо бо сокинони љамоату дењоти шањри Роѓун ва масъулон аз љониби роњбари гурўњи корї љињати минбаъд низ идома додани раванди корњои ободонию созандагї, бо сифат ва бо тарњи замонавї бунёд намудани иншооти сохташаванда, тозаву озода намудани манзилњои зист ва мањаллањо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, инчунин, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, назорати доимии муассисаҳои иҷтимоӣ, мунтазам дар маркази шањр ташкил намудани ярмаркањои фурўши мањсулоти ѓизої изњори назар карда шуд.

Бо таваљљуњ ба масъалањои баррасишаванда ба масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Роѓун љињати амалӣ намудани тадбирҳои созанда, кумак ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ, љалби мутахассисони касбї дар соњаи маориф ва тандурустї, ҳифзи арзишҳои миллї, иљрои сариваќтии наќшаи даъвати љавонон ба хизмати њарбї, ҳимоя кардани истиқлолу озодї, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, зањмати софдилона ба нафъи Ватан, риояи ќоидањои танзими анъана ва љашну маросим, тарбияи насли наврас таъкидњо ба амал оварда шуданд.

Њамзамон, дар ин раванд, оид ба истифодаи сарфакоронаи ќувваи барќ ба ањолї корњои фањмонидадињї гузаронида шуда, дар ин радиф оид ба риояи ќоидањои зиддисўхтор, худдорї аз истифодаи дастгоњу таљњизоти барќии серхарољот ва пешгирї аз истифодаи ѓайримаќсадноки он таъкид карда шуд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар вобаста ба истифодаи самаранокии қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентї ба заминистифодабарандагон ҷиҳати сари вақт ва пурсамар истифода бурдани заминҳо ва вусъат бахшидани ҳосилнокии замин тавсияњои мушаххас пешнињод гардид.

Вобаста ба њолати љойдошта дар самти њифзи амнияти озуќаворї гурўњњои корї ба њар як кўча, дењаву мањалла тариќи гардиши хона ба хона вобаста гардида буданд. Гурўњњо корњои таблиѓотию амалиро ба ањолї барои самаранок истифода намудани њар як ваљаб замин, захираи дусолаи маводи хўрока, бахусус гандум, лўбиёгињо, кишти картошка ва тамоми навъњои зироатњо, пешгирии болоравии нархњои мањсулоти аввалиндараља, истифодаи оќилонаи ќитъањои замини наздињавлигї ва хољагињои ёрирасон гузарониданд.