ХАБАРҲО

2022-04-01: Таъминоти метрологӣ дар соҳаи энергетика – кафили зиндагии шоиста

 

11 марти соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” ва “Дар бораи энергетика”, инчунин, ҷиҳати такмил додани сатҳи дониши тахассусии мутахассисони хадамоти метрологии корхонаву муассисаҳои соҳаи энерегетикии ҷумҳурӣ, дар Агентии Тоҷикстандарт, дар мавзўи “Таъминоти метрологӣ дар соҳаи энергетика” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар зиёда аз 50 нафар намояндагони хадамоти метрологии корхонаву муассисаҳои соҳаи энерегетикии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ШСХК «Барќи Тољик», ҶСК «Шабакањои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», филиали ҶСК «Шабакаҳои интиќоли барқ» дар шањри Душанбе, филиали ҶСК «Шабакањои тақсимоти барқ» дар шањри Душанбе, филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ноҳияҳои тобеи марказ, ҶСК «Маркази барқию гармидињии Душанбе-1 ва Душанбе-2», НБО «Норак», НБО «Бойғозӣ» ва ғайра иштирок намуданд.

Сараввал муовини директор Сафарзода Мансур бо сухани ифтитоҳӣ бакори семинар оғоз бахшида, дар бораи нақши метрология дар рушди соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.

Сипас, сардори Раёсати таъминоти метрологии Агентии Тоҷикстандарт Раҳимзода Ҷурахон дар бораи моҳияти энергетика ба ҷомеа ибрози андеша кард. Њамчунин, қайд дошт, ки инсоният дар давоми тамоми мавҷудияти худ энергияи дар тӯли миллиардҳо сол ҷамъ кардаи табиатро истифода намуда истодааст. Дар баробари ин усулњои истифодаи он барои ба даст овардани самараи максималӣ мунтазам такмил дода мешаванд. Энергетика дар ҳаёти инсоният ҳамеша нақши махсус мебозад. Ҳама намуди фаъолияти инсоният бохароҷоти энергетикӣ алоқаманд мебошад.

Њоло энергетика дар инкишофи тамаддуни инсоният нақши њалкунанда мебозад. Байни истеъмоли энергия ва истеҳсоли он робитаи зич вуҷуд дорад.

Сатҳи рушди энергетика инъикоскунандаи сатҳи рушди ҷамъият (истеҳсолкунанда) буда, имкониятҳои прогресси илмию техникӣ бошад, инъикоскунанди сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сипас, мутахассисони Раёсат Самадов Рамазон, Маҳмадназарзода Ҳ. Ва Шокирҷонов Т. оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона, дастоварду мушкилиҳои таъмини ченаки ягона дар самти электроэнергетика, инчунин, нақши воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ дар раванди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти энергияи барқӣ бо рӯнамоҳо (презентатсияҳо) баромад намуданд.

Дар хотимаи семинар байни иштирокчиён ва кормандони Раёсати таъминоти метрологии Агентӣ суҳбати ошкоро баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён ба саволҳои худ аз тарафи мутахассисони Раёсат ҷавобҳои қаноатбахш пайдо намуданд.

Фирдавси АБДУРАЊМОН