ХАБАРҲО

2022-04-01: Ихтирои ҳароратсанҷҳо аз нигоҳи таърих

 

То ихтирои чунин асбоби ченкунии муқаррарӣ ва одии дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо истифодашаванда ба монанди ҳароратсанљ (термометр) одамон дар бораи ҳарорати баданашон фақат аз рӯи ҳиссиёти бевоситаи худашон - таб, тасб, гармӣ ва ё хунукӣ баҳо медоданд.

Таърих

Таърихи термодинамика аз он вақте оғоз ёфт, ки соли 1592 Галилео Галилей аввалин асбобро барои мушоҳидаи тағйироти ҳарорат ихтироъ намуда, онро термоскоп ном ниҳод. Термоскоп аз саққочаи на он қадар калони шишагини ба найчаи шишагин часпонидашуда иборат буд. Саққочаро гарм мекарданд ва қисми охири найчаро ба об меандохтанд. Вақте, ки саққоча хунук мешуд, фишор дар вай паст мегардид ва об дар найча зери таъсири фишори атмосферӣ ба баландии муайян ба боло мебаромад. Камбудии асбоб дар он буд, ки аз рӯи он фақат дар бораи дараҷаи нисбии гармшавӣ ё хунукшавии бадан баҳо дода мешуд, чунки вай то ҳол ҷадвали ҳароратсанҷӣ надошт.

Баъдтар олимони флорентӣ термоскопи Галилейро такмил дода, ба он ҷадвали ҳароратсанҷиро аз муњрањо илова намуданд ва аз саққоча ҳаворо бароварданд.

Дар асри 17 термоскоп аз тарафи олими флорентӣ Торричелли ба намуди спиртї табдил дода шуд. Ин яке аз аввалин ҳароратсанљњои моеъдор буд. Асбобро аз тарафи саќќочааш рўй ба поён гузошта, зарфи обдорашро умуман бардоштанд ва ба найча спирт пур карданд. Амали асбоб бо васеъшавии спирт њангоми гармшавї асоснок карда шуда, акнун нишондодњо аз фишори атмосферї вобастагї надоштанд.

Соли 1714 Д. Г. Фаренгейт њароратсанљи симобиро ихтироъ намуд. Дар љадвал ў се нуќтаи ќайдшударо ишора намуд: поёнї, 32 F – њарорати яхкунии мањлули намакин, 96 - њарорати бадани инсон, болої, 212 F – њарорати љўшидани об. Аз њароратсанљи Фаренгейт дар мамлакатњои инглисзабон то солњои 70-уми асри ХХ истифода менамуданд, ва дар ИМА бошад, то њозир аз он истифода мебаранд.

Соли 1742 олими шведї Андрес Селсий љадвали дигарро барои њароратсанљи симобї пешнињод намуд, ки дар он фосилаи байни нуќтањои канорї ба 100 дараља таќсим карда шуда буд. Њамзамон, њарорати љўшиши об њамчун0 ва њарорати обшавии ях њамчун 100° ишора карда шуда буд. Аммо, дар чунин намуд љадвал на он ќадар ќулай буд ва баъдтар аз тарафи ситорашинос М. Штремерва ботаник К.Линней ќарор ќабул карда шуд, ки љои нуќтањои канорї иваз карда шаванд.

Аз тарафи М. В. Ломоносов ҳароратсанљи дигари моеъдор пешнињод карда шуд, ки дорои љадвали иборат аз 150 таќсимот - аз нуќтаи обшавии ях то нуќтаи љўшиши об буд. Ба И. Г. Ламберт бошад, ихтирои ҳароратсанљи њавої бо љадвали 375° тааллуќ дорад, ки ба як дараља њазоряки њиссаи васеъшавии њаљми њаво ќабул карда шудааст.

То охири асри ХVIII миќдори љадвалњои њароратии гуногун хело зиёд гардид. Тибќи маълумоти «Пилометрия»-и Ламберт дар њамон ваќт шумораи онњо ба 19 намуд расида буд.

Љадвалњои њароратї, ки дар боло нисбати онњо сухан рафт, бо он фарќ мекунанд, ки нуќтаи сарњисоб барои онњо ихтиёран гирифташуда буд. Дар аввали асри ХIX аз тарафи олими англис лорд Келвин љадвали термодинамики мутлаќ пешнињод карда шуд. Дар як ваќт Келвин мафњуми сифри мутлаќро асоснок намуда, бо он њароратро ишора намуд, ки дар он њаракати гармии молекулањо ќатъ мегардад. Аз рўи Селсия љадвали мазкур -273,15 °С-ро ташкил медињад.

Намудњо

Чунин аст таърихи асосии пайдоиши ҳароратсанљ ва љадвалњои њароратсанљї. Имрўз ҳароратсанљњо бо љадвали Селсия, Фаренгейт (дар ИМА) ва инчунин, ҳароратсанљњо бо љадвали Келвин дар пажўњишњои илмї истифода мешаванд. Айни замон, њароратро бо ёрии асбобњое чен мекунанд, ки амали онњо ба хусусиятњои гуногуни термометрии моеъњо, газњо ва љисмњои сахт асос ёфтааст. Ва агар, дар асри ХVIII "ављи" њаќиќии ихтироот дар соњаи ченкунии њарорат ба мушоњида расад, пас дар асри ХIX айёми нави кашфиёт дар соњаи тарзњои ченкунии њарорат оѓоз ёфт.

Имрўз асбобњои гуногуни дар саноат, рўзгор ва дар пажўњишњои илмї истифодашаванда, аз он љумла, ҳароратсанљњои васеъшаванда (моеъдор, дилатометрї, биметаллї), манометрї, термоэлектрикї ва муќовимат, инчунин, ҳароратсанљњои пирометрї арзи вуљуд доранд, ки дорои имконияти ченкунии њарорат бидуни васлсозї мебошанд.

Мусалама Худоиева,

мутахассиси пешбари бахши санљиши воситањои ченаки

гармої-техникии Раёсати метрологияи Агентї