ХАБАРҲО

2022-04-01: Таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ - омили асосии солимии ҷомеа

Таъмини бехатарии мањсулоти

хўрокворї - омили асосии солимии љомеа

Мањсулотеро бехатар номидан мумкин аст, ки њангоми истифодабарї, истеъмол барои саломатии инсон зараровар ва хатарнок набошад. Мањсулоти хўроквории пастсифат ва аз микробњои касалиовар олудашуда метавонанд, сабабњои пайдоиши касалињои сирояткунанда ва зањролудшавии узвњои њозима гарданд.

Дар таркиби мањсулоте, ки пайвастагињои кимиёвї ва моддањои бегона аз меъёри муќаррарї зиёд њаст, метавонад натиљаи манфї ба бор орад.

Барои организми инсон њамаи намуди моддањои бегона аз љумла: пестисидњо, намакњои металњои вазнин, нитратњо ва радионуклидњои аз меъёр зиёд таъсири манфии худро мерасонанд.

Моддањои бегонаро дар мањсулоти озуќаворї дар шаклњои гуногун вохўрдан мумкин аст.

Як миќдор гурўњи ифлоскунандањоро метавон људо кард, ки ба мањсулоти хўрока дар натиљаи фаъолияти инсон, истењсоли бошиддати мањсулоти кишоварзї ва чорвопарварї иловагињои хўроки чорво, доруњо ва моддањои гармондор, ки иљозат дода нашудааст, њангоми риоя накардани регламентњои техникї метавонанд њамроњ шаванд.

Металњои вазнин - аз металњои вазнин бисёртар зиёновар ин симоб, сурб, кадмий, калъагї ва мис мебошад, ки бо воситаи муњаррикњои дарунсўзи автомобилї, ки газњояшон бо њаво омехта мешаванд, асосан њосили мевањои буттагї, хасбедањои назди роњњои автомобилгард аз сурб, симоб ва селен бой мебошанд.

Нитратњо - намакњои нитрогени кислотагї, нурињои минералї сарчашмаи асосии ѓизо ва сабзиши растанињо, вале истифодабарии аз меъёр зиёди нурињои минералї ва нитратњо барои саломатии инсон хатар дорад.

Иловагињои хўрокворї - иловагињои хўрокворї дар мањсулот барои бењтар намудани хусусиятњои муайяни мањсулоти хурокворї, нигоњдории сифати онњо истифода бурда мешаванд.

Аз љумла: консервантњо, хушбўйкунандањо, эмулгаторњо, моддањои рангкунанда мебошанд.

Миќдори зиёди инњо ба таври сунъї истењсол ва барои организм бегона мебошанд.

Мањсулоти доругї - барои инкишофи тезтари парандањо ва њайвонњои шохдор бо маќсади табобат доруњои махсус истифода бурда мешавад, њайвонњо ва парандањо (мурѓ) њамроњи хўрок гармонњоро истеъмол менамоянд.

Миќдори муайяни ин доруњо дар гўшти парандањо ва гушту шири њайвонњо метавонад боќї монанд.

Ифлоскунандањои мањсулоти хурокворї барои организми инсон зарари биологии худро мегузоранд, токсиологи (зањролудшавї) - ќувваи кориро кам намуда, бефарагї ва танбалиро зиёд менамояд ва хурокхўриро кам менамояд.

Намакњои металњои вазнин, нитратњо хусусиятњои ирсии организм сироятнопазириро (иммунитет) хаста намуда, алергияро реаксияи ѓайритабиї ва њассосияти дигаргун шудани организм нисбати чизеро меафзояд.

Аз ин рў истењсолкунандагону соњибкоронро зарур аст, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бехатарии мањсулоти хўрокворї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» ва Регламентњои техники Љумњурии Тољикистонро риоя намуда, дар њама марњилањои истењсолї хатарњоро бартараф карда, бањри солимии љомеа амал намоянд.

Ситора ЌАЮМОВА,

мудири бахши озмоишгоњи хўрокворї