ХАБАРҲО

2022-04-01: Дар мавриди харидории шир ва  маҳсулоти ширї чиро бояд донист?

 

Шир ранги сафеди каме зардча дошта, зардии он аз камиву зиёдии равѓаннокиаш дарак медињад. Ранги зардча асосан аз каротин, ки дар таркиби равѓани шир мављуд аст, пайдо мешавад. Шир дар таркиби худ њамчунин, пигментњои зарди сабзтоб дорад, ки ба фаллаи ширї ранги махсус медињанд.

Рангњои дигари шир аз ќабили сурхчатоб, кабудча, гулобї нишонаи аз њайвони касал љўшида шудани шир ё вайрон будани он аст.

Тамъи шири нав каме «ширинтар» шири пастеризатсия кардашуда ва ё пухташуда бошад, маззаи «љўшонидашуда»-ро дорад.

Шир, њамчунин, маззаи талхиву туруширо низ дошта метавонад, ки ин нишонаи дар таркиби шир мављуд будани бактерияњои туруш аст, ки сабабгори вайроншавии таркиби шир мегарданд.

Нишонаи туруш шудани шир маззаи турушї ва ё бўи нохуши он аст.

Шир бўй ва тамъи дигар чизњоро зуд ба худ мегирад, ба хусус ваќте ки дар зарфи болояш кушода нигоњ дошта мешавад.

Ширро нопухта (пастеризатсия накарда) хўрдан мумкин нест, онро дар муддати 3-5 даќиќа аз ваќти пухтанаш љўшонидан лозим аст. Ба воситаи шири нопухта микробњои пањнкунандаи беморињои осеби шуш (туберкулёз), захмњо (сибирская язва), холера, салмонеллез, стафилакок, стрептококк ва ѓайра ба организми инсон ворид шуда метавонанд.

Шири пастеризатсияшуда ширест, ки дар њарорати хеле баланд коркард ва баъдан хунук карда шуда, барои истеъмол тайёр мањсуб мешавад. Шири дубора пухтаи пастеризатсияшуда ќисме аз маводњои ѓизоияшро (сафеда, витаминњо ва ѓ.) гум мекунад.

Љурѓот

Љурѓот аз шир ва омехтаи микроорганизмњои махсус тайёр карда мешавад. Ин гурўњи маводи ѓизої бояд якхела, суст ё сахт, њубобчањои газї надошта бошанд, об људо накунанд. Тамъи он на туруш асту на ширин. Дар баъзе мавридњо бўй ва тамъи он муќаррарї нест (туруш, маззаи пўпанак, талхмазза ва ѓайрањо), намуди зоњирии он мувофиќи талабот нест (обу донаш људо, бенињоят суст).

Муњлати истифода аз љониби истењсолкунанда муќаррар карда, дар болои он сабт мегардад.

Сметана ва қаймоќ

Таркиби ќаймоќ бояд якхела, каме ѓоздор, бе доначањои сафедаву равѓан бошад. Рангаш сафед ва баъзан каме зардчатоб мешавад. Тамъ ва бўи хуш дошта, ширинмазза ва ё андак турушмазза мешавад.

Дорои сифати номатлуб будани ќаймоќро аз маззаи он фањмидан мумкин аст (тез, талх, туруш, бўи зарфи оњанї, моњї, собуноба ва дигар тамъњои нохуш дошта метавонад).

Дар ваќти харидани ќаймоќи киллогї њодисањои омехта кардани он бо маводњои дигаре чун орд, крахмал, љурѓот ба чашм мерасанд. Намуди ин гуна ќаймоќ аз аслиаш фарќ дошта, баъзан љурѓотмонанд, мазааш низ туруш ё ба тамъи љурѓоти ширинкардашуда, орд ва ё крахмалро дорад.

Равѓани маска

Ранги равѓани тоза аз зарди нимранг то зарди серранг (равѓани дар фасли тобистон тайёршуда) аст. Таркибаш якхела, тобиши хос дошта, њамвор ва њангоми буридан аз њам људо намешавад.

Равѓан бўи хубу хушбўй дошта ба бўи шири нављўшидаи гов монандї дорад. Равѓан бояд бўи бегона (пўпанак, турушї) надошта бошад.

Фалла (творог)

Фаллаи тоза - ин маводест якхела, тоза, бе људошавии об, бе пўпанакњо.

Таркиби он ба навъи фалла вобаста буда, мулоим, равѓанин ва дона-дона мешавад.

Рангаш сафед ва баъзан андакак зардчатоб шуданаш мумкин аст.

Тамъ ва бўяш ба худи фалла хос буда, талх, туруш, тез, пўпанакзада нест.

Панир

Панирњои сахт (голландї ва ѓ.) - ро аввал аз назари сохт месанљанд: намуди болоии он бояд шаклан дуруст бошад, яъне бе осеб, нокафида, тоза, рангаш зард, болояш њамвор, бе доѓњои кабуд ва пўпанакњо. Дар мањсулоти парафинї, ќолабї баробарии ќабатњояшро аз назар мегузаронанд панир аз рӯи навъҳо дар ваќти буриданаш сахт, мулоим, ќаиш, резашаванда ва ѓайрањо шуда метавонад.

Тамъ ва бўи он бояд ба њамон намуди махсуси панир љавобгў ва бе иловаи маззањои дигари беруна бошад.

Яхмос

Яхмос тамъ ва бўи хоси худро дорост. Таркиби он бояд якхела, бе доначањои равѓану маводи иловашудаи дигар ва яхпорањо бошад.

Дар мавриди маззаи турушї, љўшондашуда, тезмазза, начандон ширин ё худ тамъи зарфи оњанин доштан, яхмос сифати худро гум кардааст.

Агар яхмос аз њад зиёд ковок, дурушт, равѓанин ё резонак бошад, пас он рў ба вайроншавї дорад.

Мувофиќат накардан аз рўи шаклу намуд: фалламонанд, обшудаистода, таркиби ноњамвор кафкдор ва ѓайрањо.

Яхмоси обшударо дубора ях кунонидан мумкин нест, зеро дар чунин њолат яхпорањо зиёд мешаванд. Итеъмоли яхмоси дубора яхкунонидашуда ба саломатї зарар дорад. Аз ин рў, аз истеъмоли он даст кашед.

Љамила САЛОМЗОДА,

мутахассиси пешбари шуъбаи

назорати давлатї дар МАС