ХАБАРҲО

2022-04-01: Маданияти хизматрасонӣ Бе мутахассисони касбӣ рақобат дар бозори иқтисодӣ тобовар нест

Маданияти хизматрасонӣ

Бе мутахассисони касбӣ рақобат

дар бозори иқтисодӣ тобовар нест

Сиёсати иктисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар навбати аввал бо таъмини рушди устувори иктисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳуқуқи шахрвандон равона карда шудааст.

Яке аз самтҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи савдо, хӯроки умумӣ, хизмати маишӣ мебошад. Дар ҳама давру замон табъи хушу болидаи мардум ва маҳсулнокии меҳнати ҳар як фард бевосита аз фаъолияти ин соҳаи муҳим вобаста буд.

Корхона ва муассисоти хӯроки умум, хоса тарабхонаву қаҳвахона маконе мебошанд, ки ғайр аз тановули таому нӯшидани нӯшокиҳо фароғати ҳамаҷониба ва роҳати одамонро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҳамеша озодаву дилкаш нигоҳ доштани муҳити тарабхонаҳо, ороиш додани толори хӯрокхӯрию дамгирӣ, ороиш ва ҷиҳозонидани рӯи миз, санъати хӯрокпазӣ, тарзи қабул ва хизмат ба мизоҷон санъати баланди корбурдро талаб намуда, яке аз омилҳои асосии ҷалби одамон ба тарабхона ё қаҳвахона мебошад.

Тайи солҳои охир кишвари соҳибистиқлоли мо аз ҳама ҷиҳат дар рушду нумӯъ аст. Ҷолиби қайд аст, ки имрӯз тарабхонаю ошхонаҳои замонавӣ зиёд ва бо ҷиҳозҳои мувофиқ ороста шуда, бо усулҳои миллию аврупоӣ таому хурокворӣ омода намуда, дараҷаи хизматрасонӣ то андозае беҳтар шудааст.

Мутаассифона, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар қисми зиёди ин муассисаҳо сатҳи хизматрасонӣ ба талаботҳои мавҷуда љавобгӯ нест. Дар баробари пурра ҷавобгӯ набудани сифати хизматрасонӣ, дар бисёр муассисаҳои хӯроки умумӣ ба фиреби мизоҷон низ роҳ дода мешавад. Аз рӯи санҷишҳо ва санадҳои тартибдодашуда даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дар муассисаҳо ҳолатҳои риоя накардани талаботи стандартҳо, дағалона вайрон кардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ ошкор шуда нисбати онҳо чораҳо андешида шудаанд.

Албатта, мақсади мо ин ҷаримабандӣ нест, мо то ҳадди имкон ба роҳбарон ба мутасаддиёни корхонаҳо тавсия медиҳем, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, риояи талаботҳои мавҷударо таъмин намоянд. Вале ҳоло ҳам бархе аз роҳбарон дар ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир намуда, аз паи ислоҳи камбудиҳо намешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии роҳ додан ба чунин камбудиҳо, риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, пеш аз ҳама надоштани малакаи касбии худи роҳбарон, пешхизматҳо ва дигар кормандони ин муассисаҳо мебошад.

Хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ усул ва талаботҳои муайяни худро дорад. Хизматрасониҳо пеш аз ҳама замонавӣ буда, бояд аз рӯи талабот ва хоҳиши мизоҷон ба роҳ монда шаванд.

Бояд гуфт, ки намояндагони асосии хизматрасонии соҳаи хӯроки умумӣ, асосан пешхизматҳо ба ҳисоб мераванд. Яке аз нишонаҳои асосии касбии пешхизмат ин тозагии шахсӣ ва намуди зоҳирии вай аст. Дар кор пешхизмат ҳаматарафа тоза ва озода буда, бояд маданияти баланди қабули мизоҷон ва хизматрасониро дошта бошад. Беҳуда нест, ки якум таассуроте, ки аз тарафи мизоҷон нисбати тарабхона ва кормандони он пайдо мешавад, ин нигоҳи аввалин ба пешхизмат аст. Маҳз, ҳамин таассуроти аввал муваффақиятҳои тиҷоратии корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ аст. Баъдан роҳ ёфтан ба дили мизоҷон ин бо маҳорат ва аз рӯи адлу инсоф хизмат расонидан ба мизоҷон, самимона ҷалб намудани меҳмонон ба сари миз, сари вақт аз рӯи фармоишҳо расонидани таомҳо хулас - маданият ва сатҳи баланди хизматрасонӣ аст.

Усулҳои хизматрасонии тарабхонаҳо имрӯзҳо дар рушду такомуланд. Ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ва ниёз ба ин муассисаҳои хизматрасонӣ зиёд мешавад. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳои номбурда меафзояд. Маҳз, барои он, ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, имрӯз кормандони онро лозим меояд, ки баҳри такмили ихтисоси худ дар омӯзиш буда, аз таҷрибаи мамолики мутараққӣ истифода намоянд.

Зеро сабаби асосии сатҳи пасти хизматрасонӣ, роҳ додан ба камбудиҳо дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ин надоштани малакаи касбии кормандони онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, бе мутахассисони касбӣ рақобат дар бозори иқтисодӣ тобовар нест.

 

Марњабо Ањмадова,

сармутахассиси шуъбаи

шањодатномадињии кору хизматрасонї