ХАБАРҲО

2022-04-01: Дар меҳмонӣ - арўси сол

Дар мењмонї - арўси сол

Дењаи зебоманзари Бањор. Имрўз мењмони ин диёри файзбор гаштем. Хело дилкашу зебост, аз фазояш борони мушкбез меборад. Аз дур шамолаке майли вазидан дорад, то абрњои гирёну сарсонро парешон созад, гўё ў њам пайхас карда бошад ки мењмони олиќадре меояд. Пас аз чанде бод абрњои тираро пањну парешон кард. Чашмаки офтоб аз гушаяки абр намоён гашт, баробари намоён гаштанаш симои мардуми дењаро низ болида кард, ба хурсандиашон шодии дигар зам намуд. Хуршеди љањонтоб акнун нурафшони мекард. Њар зарраи рўшноияшро бо сидќу ихлос ба мардум њадя менамуд. Њатто майсаи хурде ки кўшиши сар аз хок берун кардан дошт бо бањонаи нерў гирифтан аз офтоб чашм ба роњи он Аруси нозанин буд, ки мо њам дар рафти сайру тамошои манзарањои дилфиреби ин макон огоњ гаштем.

Оре, мардум имрўз хурсанд буданд, бенињот хурсанд. Шодию нишот вуљудашонро фаро гирифта буд. Аз чењраашон аён буд, ки пас аз хастагињои зиёду тўлонї интизори чизе ва ё касе буданд, ки чашм ба роњу дида чор бесаброна роњ мепоиданд. Аз миш-миши баъзе занњо фањмидам, ки мењмони деринтизорашон меомадааст. Бале! Мегўянд хабарњои тозаро пеш аз њама метавон аз забони занњо шунид. Хостам фањмам, ки ин њама тараддуд аз бањри чї ва ё барои кї? Занону бонувон, хурду калон либоси нав ба бар кардаву гул бари рў зада буданд дастархон ороставу хонањо пироста карда, мунтазири чї касе њастанд. Он мењмони олиќадрашон кї бошад?, аз куљо бошад, ки ин њама омодагї ва мењмоннавозї бањраш намуда истодаанд, худ ба худ фикр мекардам ва њайрон мешудам: наход њамаи ин мардум барои як мењмон омодагї дида бошанд, оё ў шахси обруманду соњибмарта бошад? ва ё чї амали неке бањри мардум анљом додааст, ки барои иззаташ, ин њама талош доранд. Барои посух гирифтан ба ин суолњоям ба назди як гурўњ занњое, ки либоси нав ба бар кардаанду лаби љў пудина мечиданд рафтам. Бо бањонае аз онњо пурсидам, ки ин ниёзбўро барои чї мечинед?

Яке аз он занњо гуфт: -Ба пешвози мењмони деринтизорамон самбўсаи алафин мепазем.

Боз пурсидам: -он мењмони деринтизоратон кист?

Гуфтанд: -Ба диёри хушманзари мо Арўс меояд.

Њайрон шудаму гуфтам: - Арўс меояд… Ин њама тараддуд барои як арўс.

Гуфтанд: -Бале!

Гуфтам:- Охир ў аз куљо меояд, аз ягон макони муќаддас меояд магар?

Хандида гуфтанд: - На!

Гуфтам: - Фањмо! Аз дењи њамасоя меояд чї?

Гуфтанд: - На! Аз роњи дур.

Гуфтам: - Пас ин роњи дураш куљо бошад, ки Арўси шумо аз он љо меомадааст ва барои омаданаш тамоми дења хушњоли даранд, меболанду мераќсанд. Чи ќадар арўси ба ќадру ќиммат будааст, ќудумаш хуљаста бошад!

Яке аз занњо гуфт: - Ин Арўси нозанини мо бо ќадамњои некаш њар сол ба ин диёр, файзу сафо, мењру вафо меорад.

Тааљљуб кардаму гуфтам: - Магар ин Арўс њар сол меояд?

Гуфтанд: - Бале! Њар сол бо пару боли наву иќболи нав!

Њайратам зиёд шуду боз пурсидам: - Чихел? Чаро њар сол? Магар ў баъди омаданаш боз ба ягон кишвари дигар сафар карда меравад ва пас аз як сол меояд? Ва шумо њар соли нав ўро ин гуна бо чењраи кушод ва шодию нишот дафу чанг, раќсу суруд пешвоз мегиред?

Гуфтанд: Бале! Ўро бисёр дўст медорем. Руњи тоза мебахшад ба ин макону ба ин диёр. Ў буд, ки номи диёри моро то абад зинда кард ва бо ў ин рустои «Бањор»-ро мешиносанд. Бо накњаташ, бо сурураш бо вуљуди суруду тараннумаш. Ќабои тозае мепўшонад ба ин љо. Гўё љони дубора мебахшад бо омаданаш ба ин макону ба ин одамон.

Аз ин гуфтањо шавќам ба дидани ин орази поксиришт зиёдтар шуд ва бетоќатона пурсидам:

-Кай меояд? Ман њам ба пешвозаш равам!

Онњо гуфтанд: Дар роњ аст, наздик омадааст, чанд лањзае пас мерасад. Ман, ки бо либосњои корї будам, ба ман гуфтанд, бо ин авзо намешавад, ба пешвози Арўси сол рафт. Ту њам бояд мисли мо либосњои идона ба бар намої ва худро оро дињї. Сарравал бояд ѓубори дилатро барорї, ки расм чунин аст. Аз касе ранљида бошї, бубахшу гузашт кун ва кинањоро аз ќалбат берун бисоз ва касеро ранљонида бошї, бираву бахшиш бипурс, бо ў дўст шав ва баъдан бо замири пок ва нияти нек бо мо ба пешвози ин Арўси накњатофарин баро!

Хулласи калом, ман њам чунин кардам, мувофиќи расми роиљ.

Ба фикрам, хонандаи зиррак пайхас кард, ки ин мењмонамони олиќадрамон мењмони њар як хонадон аст, ва омаданашро њамагон бесаброна интизоранд. Оре! Дуруст фикр кардї, ин Арўси хуљастапайро «Наврўз» ном аст. Наврўзи оламафрўз, пайкрасони шодињо, гулафшонсозандаи ќабои фазову замин, тароватбахшандаву сафооварандаи њар як кошона. Биёед шумо њам барои пазирои аз он расмеро, ки мо анљом додем сармашќи худ намуда бо дили софу беѓубор бо мо якљоя ба пешвози ин Арўси нозанин мебароем…

Зебо ЌИЛИЧБЕКОВА,

 муовини сардори Нозироти пахта ва пилла