ХАБАРҲО
2022-03-31: Риояи талаботи регламенти техникии
"Бехатарии мањсулоти мебелї" ва мутобиќгардонии истењсолоти мебел ба стандартњои байналмилалї – омили баланд бардоштани сифат ва истењсоли мањсулоти ватанї
Бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи эълони солњои 2022-2026 «Солњои рушди саноат» ва тањкиму воридотивазкунанда будани мањсулоти мебелї, санаи 3 марти соли 2022 семинари омўзишї бо истењсолкунандагони мањсулоти мебелї баргузор гардид.
Дар рафти семинари омузишї ва корњои фањмондадињї мутахассисони шуъбаи назорати давлатї оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрии техникї дар саноати сабук ва шуъбаи низоми идоракунии сифати Агентии Тољикстандарт барои иштирокчиён дар мавзўъњои гуногун ба монанди: риояи талаботи регламенти техникии “Бехатарии мањсулоти мебелї”; мафњум ва пайдоиши ташкилоти байналмилалї оид ба стандартонї ISO, зарурати тадбиќи стандартњои байналмилалии силсилаи ISO 9000 дар корхонањои ватанї, тавзеи стандарти байналмилалии ISO 14001 ва ISO 45001 ва ѓайра презентатсияњо пешнињод карда шуда, аз љониби иштирокчиён оид ба мавзўњои пешнињодгардида, саволу љавоб ба таври озод сурат гирифт.
Бояд ќайд намуд, ки Регламенти техникї ин санади меъёрии тихникї, ки дар љараёни бамеъёрдарории техникї тањия шуда, талаботи техникии риояашон њатмиро вобаста бо бехатарии мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, коркарди партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї дар ќисми бехатарї муќаррар мекунад.
Тањия ва ќабули Регламентњои техникї дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» амалї карда мешавад. Ќонуни мазкур њуќуќу уњдадорињои иштирокчиёни ин муносибатњоро муќаррар менамояд.
Дар асоси талаботи ќонуни мазкур назорати давлатї оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ба зимаи маќоми ваколатдор дар соњаи бамеъёрдарории техникии Агентии Тољикстандарт вогузор карда шудааст. Њангоми назорат талаботи муќаррарнамудаи регламентњои техникї нисбат ба мањсулот ва тамоми љараёнњои ба он вобаста дохил мегардад, санљида мешавад.
Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти марказии идоракунии њокимияти давлатї масъалањои сифат, бехатарии молу мањсулотро тањти назорат ќарор додааст.
Абдулвосид АБДУРАЊМОНЗОДА,
сардори шуъбаи назорати давлатї оид ба
талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои
меъёрии техникї дар саноати сабук