ХАБАРҲО
2022-03-31: Таҷлили рўзи модар дар Агентии Тоҷикстандарт
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёту ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва шогирдони худро тарзе тарбия мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба хотири гиромидошт ва арљгузорї ба зан-модар дар бинои Агентии Тољикстандарт бахшида ба рўзи Модар љашни тантанавї баргузор гардид. Дар он роњбарият, кормандон ва тамоми занону бонувони дастгоњи марказии Агентї иштирок намуданд. Њамчунин, ба хотири эњтиром ва сипосмандї аз фаъолияти ќаблї корї, баъзе аз занони собиќадорони Агентї низ даъват шуда буданд.
Нахуст, директори Агентии Тољикстандарт Абдулвањобзода Темурљон баромад намуда њамагонро ба ин рўзи муќаддас табрику тањният гуфт. Инчунин, ќайд доштанд, ки занон дар ҷомеаи Тоҷикистон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир доранд. Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва қабули барномаҳои давлатӣ имрӯз занон дар соҳаи роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилот, дар мақомоти иҷроия ва олии қонунгузор Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои викилони халқии шаҳру ноҳия ва ҷамоату шаҳрак, дар соҳаи соҳибкорӣ ва истеҳсоли маводи ниёзи мардум, соҳаи бонкдорӣ, фарҳанг ва санъат, маориф, тиб ва варзиш, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ саҳми хеле назаррас доранд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, инчунин, вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон андешаҳои ҷолиб баён гардид. Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ва маърӯзаҳои худ Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, саҳми занонро дар пешрафти соҳаҳои сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг, маорифу тандурустӣ, варзиш ва тарбияи насли солим ва босавод, худшиносу меҳанпараст махсус таъкид менамоянд.
Инчунин, дар баромадҳо аз бузургии занону модарон, ки дар тули таърих қаҳрамониҳои зиёде кардаанду дар баробари ҳама мушкилоти зиндагӣ ба тавлиду тарбияи насли инсонӣ саҳмгузор буданд, суханронӣ ҷараён гирифт. Таъкид рафт, ки занон дар ҳама давру замон бо бузургии худ идомабахши ҳаёт дар рӯи Замин буда, бо назари нозукбинонаи худ ва илму ҳунари воло фарзандони оқилу донишмандро тарбия мекарданд. Бузургтарин шахсиятҳо аз Модар ба дунё омадаанд ва дар ҳаки ӯ ончунон суханҳо ва васф кардааанд, ки арзиши бебаҳоро доро аст.
Њамзамон, ќайд шуд, ки моро мебояд имрўз ба ќадри ин отифа ва олињаи зебои зиндагї бирасем, онро арљ гузорем ва њамчунин, эњтиром намоем. Чунки зан модар аст, модари ањли башарият, нафарест, ки инсониятро тарбият намуда ба камол мерасонад.
Мурод Ашўров