ХАБАРҲО

2022-03-31: Баррасии масъалаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Баррасии масъалањо оид ба истењсоли мањсулоти раќобатпазир

Чанде пеш дар бинои Агентии Тољикстандарт бо иштироки кормандони Агентї ва соњибкорон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъалањои тартиби истифодабарии њуљљатњои меъёрии-техникї ва стандартњои байни давлатї оид ба истењсоли арматураи пулодин СБД 5781 -82 ва СБД 34028-2016, риояи талаботи регламенти техникї «Бехатарии масолењ ва маснуоти сохтмонї» баррасї шуд.

Нахуст, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт Ашўрзода Суњроб доир ба муњтавои масъалањои баррасишванда баромад кард. Ў њамзамон, иброз дошт, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди ҳамаљонибаи иқтисоди миллӣ, аз љумла тањким бахшидан ба рушди соњибкорї таваљљуҳи хоса зоҳир намуда, барои Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додан кўшиш ба харљ дода истодааст. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли мањсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави кор яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки айни њол номгӯи истењсоли мањсулоти саноатї рў ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки содироти дањњо номгўи мањсулоти ашёи хом ба хориљи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истењсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истењсоли ватанї дар бозорҳои дохиливу љањонї рақобатпазир гардида, иќтидори содиротии мамлакат ќавитару васеътар гардад. Тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон фароҳам оварданд, ки мамлакат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Дар самти баланд бардоштани сифати мањсулот ва раќобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуљуд овардани имконоти содиротии молу мањсулот, амалӣ намудани чорабинињо оид ба љорї намудани низоми менеҷмент дар самтњои мухталифи фаъолияти корхонањо аз он љумла - сифат, муњити зист, муњофизати мењнат, масъулияти иљтимої зарур мебошад.

Дар идомаи мизи муддавар ќайд гардид, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон Барномаҳои тањияи регламентњои техникї, ки барои воридот, истењсол ва содироти молу мањсулот мусоидат менамоянд, ќабул гардид, ки дар робита бо татбиќи Барномањо айни замон 19 Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст. Талаботи Регламентњои техникии номбурда корхонаҳои мазкурро вазифадор месозад, ки бо истифода аз технологияҳои муосири истеҳсолї маҳсулоти љавобгўи меъёрҳои байналмилалї ва дар бозори љаҳонї рақобатпазир истеҳсол намоянд.

Њамчунин, таъкид шуд, ки то њоло тамѓагузории бисёре аз мањсулоти сохтмонї ба талаботи регламенти техникии «Бехатарии масолењ ва маснуоти сохтмонї» љавобгў намебошад. Њатто номи истењсолкунанда дар халтањо дарљ намегардад. Инчунин, њолати нигоњдории масолењ ва мастнуоти сохтмони бењбудиро талаб мекунад. Дар бозорњо бе риояи намудани шароити нигоњдорї ба фурўш бароварда мешаванд. Ин њолатњо дар истењсоли молњои ниёзи мардум низ ба мушоњида мерасанд.

Умуман, саҳми соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот назаррас аст ва Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад.

Муродализода Манучењр,

сардори шуъбаи назорати давлатї дар саноати вазнин