ХАБАРҲО

2022-03-31: Ҳамкории соҳибкорон - баҳри таъмини бехатарии маҳсулот

Солимии мардум аз бисёр ҷиҳат ба чораҳои пешакии ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифату зарарнок ва ба саломатии мардум хатарнок вобастагии калон дорад. Ҳаётро бе бозор тасаввур кардан душвор аст. Зеро бозор, худ оинаи рӯзгор буда, нишона ва муайянкунандаи тарзи ҳаёти ин ё он ҷомеаро тақозо менамояд.

Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин, шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад.

Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст. Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон нишон дода шудаанд, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф кардани нуқсони мол ё иваз кардани он, ҷуброн кардани арзиши мол ва ё мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ.

Табиист, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон сол то сол боло меравад. Онҳо ҳангоми харидории маҳсулот ба сифати он, муҳлати истифода, ранг, бӯй, лаззат, санаи барориш, ҳолати нигоҳдории маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро ҳатман талаб менамоянд. Аз тарафи нозирони Агентии Тоҷикстандарт омӯзиши пайваста гузаронида шуда, зимни ширкат дар семинар – машваратҳо бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа сатҳи маърифати шаҳрвандон боло бурда мешавад. Дар баробари ин миёни соҳибкорону фурӯшандаҳо дар самти тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Бо дарназардошти боз њам таќвият додани фаъолият дар самти риояи талаботњои муќарраргардида дар бозору нуќтањои савдои пойтахт дар баробари роњандозї намудани корњои фањмондадињї бо масъулин, инчунин тибќи наќша бо љалби воситањои ахбори омма раванди санљишњо ва масъалаи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон пешнињоди ањолї мегардад.

Дар рафти гузаронидани корњои фањмондадињї аз соњибкорон даъват ба амал оварда мешавад, ки молњои пастсифат ва ё муњлати истеъмолашон гузаштаро ба мардум нафурўшанд. Барои несту нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ингуна молу мањсулот ба Агентии Тољикстандарт мурољиат кунанд. Дар њолати ошкор кардани фурўши молњои пастсифат ва ё муњлатгузашта тибќи талаботи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон нисбати онњо чорањои маъмурї андешида мешавад.

Натиљаи корњои фањмондадињиву тавзењоти аст, ки имрўз бисёре аз соњибкорон барои несту нобуд сохтани молу мањсулоте, ки муњлати истифодаашон гузаштаанд ба Агентии Тољикстандарт мурољиат мекунанд.

Дар њафтаи сипаригардида ЉДММ «Кока кола Нўшокињои Тољикистон» воќеъ дар шањри Душанбе ба Агентии Тољикстандарт мурољиат намуд, ки бинобар сабаби гузаштани муњлати истеъмолии (Спрайт-443 дал, Фанта Ситрус-7,9 дал, Кока колаи бешакар -0,6 дал) дар маљмўъ, ба миќдори 451 дал аз фурўш гирифта шуда барои несту нобуд сохтан дар анбор нигоњдорї карда мешаванд.

Дар асоси дархости воридгардида мо мутахассисони Нозироти савдои Агентї барои несту нобуд сохтани молњое, ки муњлати истифодаашон гузаштаанд сафарбар шудем. Дар њузури мо ва намояндагии маќомоти дахлдори даъватшуда молњои аз муомилотгирифта шуда пурра несту нобуд карда шуд.

Њарчанд ки дар самти њимояи бозори истеъмолї имрўз масъалањои њалталаб зиёданд, кормандони Нозироти савдои Агентии Тољикстандарт пайваста барои њимояи бозори истеъмолї мекўшанд ва ҳамарўза корҳои назаррасеро ба љо оварда истодаанд.

Мусаллам аст, ки ба зиммаи Агентии Тољикстандарт амалигардонии як силсила қонунҳое, ки пеш аз ҳама ба ҳифзи бечунучарои бозори истеъмолии кишварамон нигаронида шудаанд, вогузор аст. Дар ҳамин росто бояд гуфт, ки татбиқи амалии ин қонунҳо дар навбати худ ба шаҳрвандон, яъне истеъмолкунандагон сахт вобастагӣ дорад, зеро мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳам аҳолӣ бобати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолии худ кам маълумот доранд. Бинобар, мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамдастӣ бо воситаҳои ахбори омма раванди корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳолӣ вусъат бахшем ва барои барои баланд бардоштани маърифати њуќуќии онњо сањм гузорем.

Ѓайратшо Давлатов,

сармутахассиси Нозироти

савдои Агентии Тољикстандарт