ХАБАРҲО
2022-03-31: Муҳите, ки моро иҳота кардааст, ҳамеша ба ченкуниву андозагирӣ ниёз дорад
Табиат барои инсоният сарвати бебаҳое мебошад. Пеш аз ҳама табиат барои инсон муҳити зист аст. Муҳити атроф (зист) – омили ҳаётиест, ки ба некӯаҳволию саломатии мо таъсир мерасонад.
Тағирёбии муҳит, албатта ба мо низ бетаъсир намемонд, чунки ташвишҳои имрӯзаи умум ба муҳити зисти фаъолияти ҷомеа таъсири номатлуб мерасонад. Аз ин лиҳоз ченаку андозагириҳои ҳама гуна ҳолатҳои муҳити зист, айни замон аз масоили асосиву муҳим ба ҳисоб меравад ва чунин амал моро аз тағйирёбии ҳолатҳои он воқиф гардонида, ҳамзамон, оқибатҳои таъсири ин тағйирёбиҳоро бо ҷисмҳои зинда муайян месозад.
Метрология, ҳамчун илм дар бораи ченаку андозагирӣ, ба мо имконият медиҳад, тавассути чен кардану омӯзиш ҳолатҳои тағйирёбии муҳити атрофро, бо дараҷаҳои саҳеҳият муайян кунем.
Об
Об манбаи муҳими ҳаёт буда, дар сатҳи замин васеъ паҳн гардидааст. Об дар табиат дар се ҳолат дучор мешавад: сахт, моеъ ва бухор. Аз ҳамин сабаб об на фақат дар уқёнусҳою баҳрҳо, инчунин, дар хушкӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, обҳои зерзаминӣ) ва қабати поёнии атмосфера (ҳамчун буғи ноаён) дида мешавад. Дар кадом ҳолат будани об ва танзими обёрикунӣ барои ҳар яки мо муҳим аст. Аз ин лиҳоз барои мо мунтазам ба роҳ мондани андозагирии захираҳои об бо мақсадҳои зерин ногузир мебошад:
-мушоҳидаи ҳарорат, рН, намак ва омехтаҳои таркиби оби нӯшокӣ, аз қабили металлҳои вазнин, ки ба саломатӣ хатарноканд;
- мушоҳидаи сатҳи нитрат ва фосфатҳо дар қубурҳо (новаҳо)-и соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ.
Ҳавои атмосферӣ
Атмосфера ҳавоест, ки заминро иҳота кардааст ва мо аз он нафас мекашему сайёраи моро аз таъсири нурҳои зарарноки офтоб эмин нигоҳ дошта, ба танзими ҳарорати муҳити атроф мусоидат мекунад. Атмосфераи замин ба обу ҳаво таъсир мерасонад. Омӯзишу ченкунии ҳолатҳои атмосфера, ҳамчун манбаи ҳаёт ниҳоят муҳим аст.
Ченкунии доимии ҳаво бо мақсадҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
-муайян кардани сатҳи бухоршавӣ ва партовҳои хатарноки саноатӣ ва нақлёт;
-назорати таҳаввулоти имкониятҳои атмосфера барои ҳифзи замин.
Ҳоло қабатҳои гуногуни атмосфера ба воситаи асбобҳои замонавии худкор, радио, мошинҳои электронӣ, аз ҷумла, бо аэростат, куразонд, радиозонд, қабатҳои болоии он бо ёрии мушакҳои метрологӣ ва радифҳои маснуи замин омӯхта мешавад.
Барои мушоҳидаи атмосфера дар шароитҳои гуногуни табиӣ дар сатҳи замин истгоҳҳои заминии метрологӣ вуҷуд доранд ва онҳо бо асбобҳои ченкунӣ ҷиҳозонида шудаанд. Мушоҳидагарон, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои асбобҳоро дар як шабонарӯз то чор маротиба навишта, ҳарорат, фишори ҳаво, абрнокӣ, миқдори боришот, самт ва суръати бодро муайян мекунанд.
Хок
Хок - воситаи асосӣ барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва омили ҳаёт дар рӯи замин аст. Хоки «солим» боиси баландшавии сифати маҳсулот ва зиёд кардани миқдори он ва нигоҳ доштани намудҳои зиёди наботот ва ҳайвоноти замин мегардад. Бинобар ин, барои мо доимо назорат кардани ҳолатҳои хок, зарур аст. Назорат бо мақсади зерин гузаронида мешавад:
-баҳодиҳои таркиби он, намнокӣ, рН ва хусусиятҳои ғизонокӣ, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ лозиманд;
- пешгирӣ аз ифлосшавии хок, пору ва партовҳои саноатӣ.
Тағйирёбии иқлим
Иқлим - ин нишондиҳандаи миёнаи обу ҳаво дар фаслҳои муайяни сол мебошад. Бешубҳа, баъзе намудҳои фаъолияти имрӯзаи мо ба тағйирёбии иқлими сайёра сабаб мешаванд ва доимо нисбати ин масъала ба таври ҷиддӣ бояд назар кард ва ҳамеша омилҳои ин тағйирпазириро муайян ва пешгирӣ намудан ҳатмист. Дар шароити кунунӣ ҳолатҳои иқлим бо мақсади зайл назорат карда мешаванд:
- назорату мушоҳидаҳои рӯзмарра ва мунтазам оид ба тағйирёбии иқлим, чен кардани ҳарорати оби уқёнусҳо ва обшавии пиряхҳо;
- пешниҳод кардани маълумоту далелҳои саҳеҳ, ки тибқи он давлат сиёсати худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.
Садо
Муҳити атрофи моро бе садоҳову овозҳо тасаввур кардан имконнопазир аст.
Воқеан, садоҳо дар баъзе ҳолат фораҳманду, дар мавриди дигар гӯшхарошу номақбуланд. Албатта, садоҳои номусоид ба муҳити атроф таъсири манфӣ расонида, то андозае ба саломатии одамон низ хатарноканд. Аз ин рӯ, ҳамеша чен кардани садо аз аҳамият холӣ нест ва ин ченкуниҳо аввалан бо мақсадҳои зерин сурат мегиранд:
- ченкунии садоҳои гӯшхарош бо мақсади зараровар будан ба узвҳои сомеаи инсон;
- пеш аз ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз ҷумла, заминларза, тӯфонҳои мудҳиш ва ғайра мавҷҳои садо чен карда мешаванд.
Афканишот (Радиатсия)
Баъзе аз унсурҳои кимиёвӣ хусусияти нурафканӣ доранд. Махсусан дар реакторҳои ҳаставӣ нурафкании радиоактивӣ ба амал меояд, ин навъи афканишот дар соҳаи тиб низ мавриди истифода қарор дорад.
Бо мақсади пайдо нагаштани афканишоти сунъии барои ҳаёт хатарнок ва таъмини бехатарии асбобҳои тиббии дар ин раванд истифодашаванда, мунтазам сатҳи радиоактивият назорат карда мешавад.
Саҳеҳияти ченкуниҳо тибқи эталон (меъёрҳо)-и эътирофшудаи байналмилалӣ ё намунаҳои стандартии санҷидашуда муайян карда мешаванд. Маҳз тавассути чунин корбурд мо ба натиҷаҳои амиқи корҳои ченкунӣ боварӣ пайдо мекунем.
Хушбахтона, таи солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ фаъолияти соҳаи метрологӣ густариш меёбад, ки ин пеш аз ҳама, натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои мутараққӣ, ба истифода додани таҷҳизотҳои замонавӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисосу омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ ва хоса ҷаҳду талоши роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт мебошад.
Дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми метрология басо бузург аст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метрология дахолат надошта бошанд.
Дар навбати худ вазифаи асосии метрология низ аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла, тандурустӣ, бехатарӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумотҳои амиқу саҳеҳ, ки барои ҳифзи саломатии одамон ва сайёра ногузиранд, таъмин намояд.
Ҷурахон Раҳимзода,
сардори Раёсати таъминоти
метрологии воситаҳои ченак,
метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ