ХАБАРҲО

2022-03-31: Дастурҳои роҳнамо - барои ғанигардоши маҳсулот

Шерзода Ситора, муовини директори Агентии Тољикстандарт

Дар шароити имрўза дар баробари дигар мушкилињо њолати нигаронкунандаи дигаре ба миён омадааст, ки он ба саломатї ва ояндаи насли кишвар паёмади нохуб дар пай дорад. Аз ин ру Њукумати кишкар барои пешгирї аз ин њолат њамеша чораандешї намуда корњои заруриро ба сомон расонида истодааст. Яке аз омилхои пешгирии хатарњо ба генофонди миллат ин ѓанигардонии мањсулоти ѓизої мебошад. Ѓанигардонї ин таљрибаест, ки бо маќсади устувории солимии ањолї ва аз витамину минералњо бой кардани таркиби мањсулоти озуќаворї амалї карда мешавад.

Бо маќсади иљрои талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини ањолї бо мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда» Агентии Тољикстандарт дар якљоягї бо дигар маќомоту идорањо як ќатор корњои заруриро ба сомон расонида истодааст.

Дар робита ба ин, љињати амалї намудани њадафњои пебинишуда, инчунин, огоњонидан, ва баланд бардоштани маърифати истењсолкунандагон ва дар асоси наќшаи зергурўњи Шўрои бехатраї, аз тарафи мутахассисони Агентї дар якљоягї бо намояндагони вазорату идорањои дахлдор дар доираи иљрои талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини ањолї бо мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда» маводњои зарурї, аз љумла «Роњнамо оид ба назорати савдои мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда». “Роњнамо оид ба назорати берунии намаки ѓанигардонидашуда”. “Роњнамо оид ба назорати берунаи намаки йодноккардашуда” ва “Роњнамо оид ба назорати сифати мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда тибќи усулњои ташхиси озмоишгоњ” тањия гардид.

Роњнамо оид ба назорати савдои мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда

Назорати савдо ин санљиши мутобиќати мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда, ки дар супермаркетњои чакана, бозорњо, маѓозањои хўрокворї ва маѓозањои савдои яклухт ба фурўш бароварда мешаванд, бо талаботи санадњои меъёрии њуќуќї мебошад. Ба он, инчунин, санљиш дар нонпазхонањо дохил мешавад, ки љои ќулай барои гирифтани намунањои мањсулоти хўроквории дорои иловањо, мушаххасан намак, мебошанд. Ин назорат имкон медињад, ки дар бозор номгўи молњое ошкор карда шавад, ки аз љониби маќомоти ваколатдор тасдиќ нашудаанд ё ба ќоидањои ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї љавобгў нестанд. Он, инчунин, барои тасдиќи мутобиќати тамѓаи молњое, ки ќаблан дар коргоњњо ва нуќтањои воридот ба кишвар санљида шудаанд, кўмак мерасонад.

Ваќте ки номутобиќатии баъзе тамѓаи молњо тибќи талаботи меъёрии њуќуќї ба назар мерасад, маќомоти назорат хушдор медињад, ки тартиби назорати сифат ва кафолати сифат дар коргоњ ѓайриќаноатбахш буда, ташрифњои нозирон бо маќсади назорат ва санљиш, иљрои талаботи санадњои меъёрии њуќуќиро таъмин намекунанд. Дар чунин вазъият, зарурати такмил додани низоми таъмини иљрои талабот ба миён меояд. Илова бар ин, назорати савдо њамчун василаи омўзишї хизмат мекунад, зеро нозирон оид ба мањсулоти хўрокворї метавонанд ба фурўшандањои чакана дар бораи мављудияти барномаи ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї, љињатњои мусбии ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї, наќши онњо њамчун фурўшандањои чакана ва њуќуќњои онњо њамчун истеъмолкунандагон маълумот дињанд.

Назорати савдо вазифаи маќомоти назорату санљиш, дар њамкорї бо дигар маќомоти давлатии масъул барои назорати таъмини иљрои талабот, аз ќабили Иттифоќи њифзи њуќуќи истеъмолкунандагон ва хизматчиёни давлатї аз вазоратњои рушди иќтисод, саноат ва молия, мебошад. Назорат дар ин сатњ, инчунин, бояд нозирони минтаќавї ва дигар шахсони мансабдори мањаллиро њангоми гузаронидани санљишњо ва гирифтани намунањо дар доираи ваколатњои дахлдори онњо фаро гирад. Маќомоти назорату санљиш барои омодасозии наќшаи гирифтани намунањо ва таъмини омодасозии техникї бо маќсади гузаронидани назорат масъул мебошанд.

Роњнамои мазкур тартиби гузаронидани назорат дар маѓозањои чаканафурўширо шарњ медињад, ки мањсулоти хўроквории ѓанигардонишударо ба фурўш мебароранд. Он, инчунин, шахсони масъулро барои дар як марњила муайян менамояд. Инчунин, ба монанди расмиёти иљрои маљбурї, ки аз љониби маќоми давлатї амалї карда мешавад, огоњињо ва чорањои њуќуќї бояд ваќте дода ва андешида шаванд, ки далелњои риоя нашудани талаботи меъёрии њуќуќї ба мушоњида мерасанд.

Роњнамо оид ба назорати берунаи намаки ѓанигардонидашуда (мумайизї ва инспексияи техникї)

Фаъолият оид ба экспертиза ва санљиши техникї, ки дар коргоњњои истењсоли намак анљом дода мешавад, ќисмати тадбирњо оид ба таъмини риояи талаботи меъёру ќоидањое мебошад, ки аз љониби Њукумат барои кафолат додани мутобиќати намак ба шартњои техникї аз љињати сифат ва бехатарии моддањои ѓизої, ки дар меъёрњо ва ќоидањо муќаррар шудаанд, ќабул карда мешаванд. Дар рафти экспертизаи техникї, фаъолияти истењсолкунанда оид ба кафолат ва назорати сифат санљида мешавад. Минбаъд, мутобиќати мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда ба шартњои техникї тавассути гирифтани намунањо ва тањлили химиявии намунањои намак, ки дар коргоњ гирифта шудаанд, тасдиќ карда мешавад. Инчунин, бо маќсади санљидани сањењии протоколи ташхис (ПТ), ки аз љониби тањвилгар пешнидод карда мешавад, намунањои пайвастагињои йоддор гирифта мешаванд.

Роњнамои мазкур ќадамњо оид ба гузаронидани экспертиза ва санљиши техникї дар коргоњњои истењсоли намакро пешнињод менамояд. Усулњое, ки љињати татбиќ барои тањлили миќдории намунањо тавсия дода мешаванд, дар роњнамои озмоишгоњ баён карда шудаанд. Маќоми санљиши нозиротї дар кишвар, дар њамоњангї бо дигар маќомоти давлатие, ки дар таъмини тадбирњо оид ба риояи талаботи меъёру ќоидањои ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї иштирок доранд, барои амалї кардани фаъолият оид ба экспертизаи техникї ва назорати намаки ѓанигардонидашуда масъул мебошад. Азбаски экспертизаи техникї ба санљиши бањисобгарии истењсолкунанда асос меёбад, вазифањои дар рўихат номбаршуда, бо индикаторњо чен карда мешаванд ва меъёрњои мувофиќат аз нишондињандањои муофиќи дар низоми кафолати назорати сифат истифодашаванда сарчашма мегиранд.

Роњнамо, инчунин, шахсонеро дарбар мегирад, ки асосан, барои њар як марњилаи тамоми раванд масъул мебошанд. Ба монанди тартиби таъмни талаботи меъёру ќоидањо, ки аз љониби маќомоти давлатї амалї карда мешавад, тибќи зарурат, муайян намудан ва анљом додании амалњои пешгирї ва њуќуќї дар посух ба њолатњои ошкоршудаи риоя нашудани талабот зарур аст. Натиљањои фаъолият оид ба экспертиза техникї ва назорат ду маротиба дар як сол љамъбаст карда шуда, дараљаи ноилшавї ба њадафњо дар самти ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї, монеањои дарпешистода ва амалњое, ки бояд иљро карда шаванд, муайн карда мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки њисоботи солона омода ва нашр карда шавад, ки дар он, дар баробари маълумот оид ба дигар фаъолият, оид ба санљиши нозиротї ва назорат, иттилоот барои тавсифи њолати барномаи ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї дар кишвар ба таври графикї пешнињод карда мешавад.

Роњнамо оид ба назорати берунаи намаки йодноккардашуда дар коргоњњои хурд

(Мумайизї ва назорати техникї дар њамоњангї бо назорати сифат)

Намаки йодноккардашуда ба манбаи асосии йод барои аксарияти одамон мубаддал мегардад ва онњо мањз бо ин роњ худро аз беморињои норасоии йод (БМЙ) ва оќибатњои онњо, масалан таъхирёбии рушди равонї, таъхирёбии нутќ, инфантилизми дистиреоидї, љоѓари эндемикї ва ѓайра, муњофизат мекунанд. Намак аз рўи табиати худ пайвастагии кристалле мебошад, ки ба афзоиши бактерияњо ва дигар микроорганизмњои барангезандаи беморињо монеъ мешавад. Ин хусусияти табиї имкон медињад, ки он дар шароити хеле одї ѓанї гардонида шавад, алалхусус бо дарназардошти он, ки ба одам миќдори ночизи йоди минералї лозим аст. Аксар ваќт, намаки хом ба шартњои техникии муќаррарї нисбати мувофиќат барои истеъмол аз љониби инсон, масалан, зарурати хушк будан, доштани дараљаи нисбатан баланда тозагї, њамчун хлориди натрий, ва надоштани ашёи бегонаи сахт (аз љумла, боќимондањои њайвонот ва набототи мурда) љавобгў намебошад. Бо вуљуди ин мањдудаятњо, намак холо хам хамчун василаи расонидани йод ба чисми инсон истифода мешавад. Дар бисёр кишварњо намаки хом ва ба ќадри кифоя софикарданашуда барои расонидани йод ба ањолї истифода мешавад, ва ба ин тариќ ба пешгирии БМЙ мусоидат менамояд.

Роњнамои кўтоњи мазкур фаъолият оид ба экспертиза ва санљишро, ки бояд аз љониби нозирони давлатї оид ба мањсулоти хўрокворї дар марказњои йодноккунии хурд амалї намоянд, шарњ медињад. Он, њамчунин, тавсифи муайянкунии миќдори таркиби йод бо роњи титрониро дар бар мегирад. Ба сифати алтернатив, нозирон метавонанд барои иљрои ин вазифа спектрофотометрњои сањроиро (масалан «шашкањои чинї») истифода баранд.

 

Роњнамо оид ба назорати сифати мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда тибќи усулњои ташхиси озмоишигоњ

Ќобилияти зуд муайян кардани иловањои протоколи ташхис (ПТ) дар мањсулоти хўрокворї ба менељерњои барномањо имкон медињад, ки ба таври фаврї мутобиќати мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда ба шартњои техникиро муайян намоянд, ки он нишондињандаи воќеъбинонаи самаранокии кори барномањо мебошад. Аз ин ру, доштани дастрасии осон ба озмоишгоњњое, ки мављудият ва таркиби ПТ- и индикатории умумї, масалан, йодро муайян карда метавонанд, зарур аст.

Инчунин, дар њолати идеалї, тамоми усулњое, ки барои назорати ПТ истифода мешаванд, бояд интихобї, њассос, даќиќ босуръат ва сода бошанд ва арзишашон паст бошад.

Дар амал, самаранокии кор, мураккабї ва арзиши усулњо аз якчанд омилњо вобаста аст, масалан: табиати матритса (яъне, шакар ё намак дар муќоиса бо орди гандум), таркиби маводи ѓанигардонї, ки барои ѓанигардонї истифода мешавад (яъне, оњани барќароршуда дар муќоиса бо намакњои оњани дувалента), усулњои мављуда барои муайянкунии модаи тањќиќшаванда ё ПТ, ва намуди параметре, ки барои бањодињии миќдорї (яъне, њаљми титронї дар асоси таѓйирёбии ранг дар муќоиса бо нишондињандањои зичии оптикї барои спектрофотометрияи ултрабунафш дар ќисми намоёни спектр) истифода мешавад.

Роњнамои мазкур усулњои тањлилиеро пешнињод менамояд, ки дар давоми солњои зиёд дар барномањои ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї истифода мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи татбиќи роњнамоњои мазкур бо маќсади амалї намудани корњои фањмондадињї оид ба масъалањои вобаста ба ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї дар асоси талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини ањолї бо мањсулоти хўроквории ѓанигардонидашуда» дар шањри Кўлоб минтаќаи Рашт, вилоятњои Суѓд, Хатлон ва ВМКБ раванди семинару омўзишњо љараён дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар љараёни семинар - омўзишњо аз тарафи мутахассисон доир ба ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї, маќсади он, таљрибаи љањонї, витаминњо ва микроэлементњои њангоми ѓанигардонии мањсулоти хўрокворї истифодашаванда ба иштирокчиён маълумот дода мешавад.