ХАБАРҲО

2022-03-31: Дониш андар дил чароғи равшан аст…

 

«Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад».

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаю дониши донотарини шахсро дар бар мегирад. Он аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар бар гирифта, њамчун манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи хирад, ганҷинаи фарҳанги миллат ва пояи тамаддуни ҷаҳони соҳибмаданият, хосса оинаи зиндагӣ ва калиди дари ганҷи сухан аст. Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва имрўз ҳам, ки технологияи нави компютерӣ имконоти хубтару осонтареро дар ихтиёри мо гузоштааст, истифода аз китоб ногузир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи китобхон ва маърифатнок гардидани ањолї пайваста ѓамхорињои беназир менамояд. Бо масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби тамомои қишри ҷомеа ба китобхонӣ Пешвои миллат дастуру супоришҳои махсус дода, таъкид доштанд, ки дар ҳама идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, корхона ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ китобҳонаҳо таъсис дода ва мавриди истифода қарор гирад. Вобаста ба ин тайи чанд сол аст, ки дар бинои Агентии Тољикстандарт китобхонаи хурди замонавї фаъолият дорад, ки дар он номгўйи гуногуни китобњо аз ќабили китобњои тахассусї, илми бадеї ва амсолї инњо љойгир карда шудааст.

Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Њамин буд, ки Пешвои миллат дар паёми навбатии худ чунин таъкид доштанд: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад».

Љињати такмил додани дониши тахассусї, инчунин, омўзиши забонњои хориљї аз ќабили русї ва ангилисї ќариб рўзњои њар њафта дар китобхонаи наву замонавии Агентии Тољикстандарт дасрњо ба роњ монда шудааст. Ин њама барои раванќ додани савияи дониши кормандон ва мусоидат ба такмилу рушди забономўзии онњо мебошад.

«Стандарт»