ХАБАРҲО
2022-03-31: "МАССА"- РО АЗ "ВАЗН" БОЯД ФАРҚ НАМУД!
Ба таваљљуњи мутахассис
"МАССА"- РО АЗ "ВАЗН" БОЯД ФАРҚ НАМУД!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши фанҳои табииро дар аксар баромадҳои худ махсусан қайд намуда, доимо таъкид мекунанд, ки баҳри баҳравар гардидан аз ин фанҳо бояд боз ҳам зиёдтар заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки насли ҷавон аз ин илмҳо ҳарчӣ бештар дониши кофӣ дошта бошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба гурўҳи илмҳои табиӣ математика, физика, кимиё, биология, ҷуғрофия, технология дохил мешаванд. Аз миёни ин гурӯҳ мехостем нисбати фанни физика чанд нуктаеро мухтасар шарҳ диҳем. Физика илмест, ки ба мо табиатро меомӯзонад ва он баҳри беканореро мемонад, ки тамоми дониши гирифтаи мо қатрае аз ин баҳрро ташкил медиҳад. Дар физика оид ба ҳодисаҳои табиат, қонунҳо ва кашфиётҳои он аз нуқтаи назари илмӣ баҳо дода шуда, касро беихтиёр ба андешаронӣ водор месозад. Физика ва математика бо ҳам пайваст буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Тавре гуфтаанд, «физика бе математика нобино аст».
Физики итолиёӣ Галилео Галилей гуфтааст: «Табиат бо забони математика гуфтугӯ мекунад». Омӯзиши физика моро ба сайри табиати нотакрор бурда, оид ба ин ё он мафҳум маълумоти саҳеҳ медиҳад. Агар маънои чизеро надонед, маълумот дар бораи онро қабул мекунед ва ба он такя мекунеду истифодааш мебаред. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳангоми баёни сухан нуктасанҷ бошем, маънии ҳар як суханро дуруст сарфаҳм равем, хусусан мафҳумҳо ва калимаҳои илмиро аз назари илмӣ дуруст шарҳ диҳем, то хатои илмие рух надиҳад.
Дар физика он чизеро, ки чен кардан ё ҳисоб кардан мумкин аст, «бузургии физикӣ» меноманд ва онро бо ягон ҳарфи юнонӣ ё лотинӣ ишора мекунанд. Масалан, вақт бо ҳарфи t, масофа – s, суръат - v, масса -m, вазн-р ва ғайра. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ба мутахассисони ботаҷрибаи раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак лозим аст, ки мутахассисони ҷавонро оид ба фарқияти ҳар як бузургӣ, чен кардан ё ҳисоб кардани он маълумоти дурусту саҳеҳ диҳанд.
Аз ҷумла, истилоҳҳои “масса” ва “вазн” бояд ба тариқи зайл маънидод карда шавад.
Масса – ин бузургии скалярие (бузиргие, ки самт надорад) мебошад, ки ченаки инертнокии ҷисмро тавсиф мекунад. Ҳама объектҳои макроскопӣ ва аксар ҳиссачаҳои элементарӣ дорои масса мебошанд. Ин параметр аз миқдори моддаҳои дар таркиби объект мавҷудбуда вобастагӣ дорад.
Ва ё агар ба тариқи дигар гӯем, масса - ин миқдори зарраҳои дар ҷисм ҷойдошта ё бузургии физикие мебошад, ки инертнокии ҷисмҳоро тавсиф менамояд. Бузургии физикии масса бо ҳарфи лотинии m ишора карда шуда, тавассути тарозу чен карда мешавад.
Инерcияи ҷисм – ҳамон хосияти ҷисм мебошад, ки то он вақте ягон қувваи беруна ин ҳолатро тағйир надиҳад, дар ҳолати ҳаракат ва ё оромӣ мемонад.
Ҳар қадар масса калонтар бошад, ҳамон қадар ҷойивазкунӣ ва ё манъкунии ҳаракати ҷисм мушкилтар аст.
Яъне он ҷисме, ки аз зарраҳои муайян таркиб ёфтааст, дорои масса мебошад ва он ченкуние, ки мо бо тарозу иҷро мекунем, ҷисмҳоро бармекашем, ёфтани массаи ҷисм аст. Масса дар китоби дарсӣ «ҷирм» номида шудаву ҳамаи он зарраҳое, ки аз он ҷисм таркиб ёфтаанду бо тарозу ҳисоб карда мешаванд, дар назар дошта шудаанд.
Саволе ба миён меояд, ки оё метавонад ҷисм масса дошта бошад ва вазн надошта бошад. Баръакс чӣ? Бале, метавонад. Масалан, кайҳоннаварди дар бевазнӣ алвонҷ хурдаистода бо массаи 80 килограмм ба ягон чиз таъсир намерасонад, барои ҳамин вазни вай - 0 нютон мебошад. Ҳолати баръакс барои объектҳои макроскопӣ номумкин буда, вале барои ҳиссачаҳои элементарӣ пурра имконпазир аст. Масалан, фотон вазн надошта бошад ҳам, масса дорад – вале дар ҳиссачаҳои элементарӣ он тамоман дигар хел муайян карда мешавад.
Дар фарқият аз масса, вазн бузургии векторие мебошад, ки дорои самти муайян мебошад. Дар фарқият аз масса, вазн на аз хосиятҳои дохилии объект вобастагӣ дорад, балки тавассути гравитатсия муайян карда мешавад. Вазни ҷисм - ин қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад. Мисол, боре, ки шумо ба болои тарозу мегузоред ва миқдори онро тарозу муайян мекунад, вазн набуда, масса мебошад, аммо бори шумо гирифта бо ягон қувва ба такягоҳ таъсир мекунад. Масалан, дар замини мулоим гузорем, он бо қуввае ба замин таъсир карда, из ё пайи худро мегузорад. Ё агар ба рӯи тахтаи дар болои ҷӯй гузошташуда гузорем, тахта каме хам мешавад, ки ин таъсири вазни ҷисм мебошад. Агар ҷисм овезон бошад, танобро меканад.
Тавре дар боло қайд намудем, «вазн» бузургии физикиест, ки бо ҳарфи р (пе) ишора карда шуда, бо асбоби қуввасанҷ (динамометр) чен карда мешавад ё аз рӯи формулаи Р=m.g ҳисоб карда мешавад.
Мутаасифона, дар байни омма, матбуоти даврӣ ва китобҳои дарсӣ вазифаи массаро ба вазн бор кардаанд. Яъне масса ва вазнро гӯё як чиз ҳисобидаанд, ки ин хатоест нобахшиданӣ.
Боз ҳам саволе ба миён меояд, ки барои чӣ онҳоро доимо ба ҳам монанд мекунанд?
Бо дарназардошти он, ки дар ҳудуди кураи Замин доимии g хело кам тағйир меёбад, пас маълум мешавад, ки ҳам вазн ва ҳам масса тағйир намеёбанд. Барои ҳамин онҳоро дар зиндагии ҳаррӯза ба ҳам монанд мекунанд. Масалан, дар дигар сайёраҳо вазни одам аз вазни дар Замин доштааш фарқияти хело калон дорад. Аз ҷумла, шахси аз ҳад зиёд фарбеҳи массааш 180 кг дар сайёраи Моҳ ҳамагӣ 30 Н вазн дорад.
Дар физика ҳар як бузургии физикиро бо воҳиде чен мекунанд. Яъне бузургиҳои физикӣ воҳид доранд. Масалан, тибқи Низоми байналмилалии воҳидҳои бузургӣ (cистемаи SI) воҳидҳои вақт - сония, дарозӣ - метр, масса - килограмм ва ғайра мебошад. Воҳиди вазни ҷисм бошад, нютон ба ҳисоб меравад.
Хулоса бароред, ки чӣ хел мо воҳиди вазнро килограмм, тонна, сентнер гӯем ё бо тарозу баркашем? Оё ин хато намешавад? Ин хатои илмӣ мешавад ва хонандаро ба роҳи нодуруст ва таълимоти хато мебарад.
Тавре гуфтаанд:
Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Вақти он расидааст, ки мо массаро масса ҳисобем, воҳидашро килограмм (кг) номем ва онро тавассути тарозу чен кунем, вазнро бошад, чун қувваи ба такягоҳ ё овеза таъсиркунанда ҳисоб намоем ва воҳидашро нютон ҳисоб намуда, онро бо қуввасанҷ (динамометр) чен кунем. Бояд фарқияти байни масса ва вазнро дуруст фаҳмида, ба мутахассисони ҷавон таълими дақиқ диҳем.
Ҳамзамон, лозим аст, муаллифоне, ки адабиёти методиро нашр мекунанд, байни масса ва вазн фарқ гузоранд, ба ҷои бузургии физикии «масса» бузургии тамоман дигар - «вазн»-ро истифода набаранд.
Таъкид бояд кард, инчунин, наѓз дар хотир бояд дошт:
-масса бо ҳарфи «m», вазн бо ҳарфи «р» ишора карда мешаванд;
-массаро ҷирм, ё ба гуфти физики англис Нютон, миқдори зарра меноманд;
-вазни ҷисм қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад;
-воҳиди масса - килограмм (кг), воҳиди вазн - нютон мебошад;
-массаро бо тарозу ва вазнро аз рӯи формулаи Р=m.g бо қуввасанҷ (динамометр) чен мекунанд.
Ҷурахон Раҳимзода,
сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои
ченакї Агентии Тољикстандарт,
метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ