ХАБАРҲО

2022-03-31: Соҳибкорони масъулиятшинос қадрдонӣ шуданд

 

Боиси тазаккур аст, ки номгӯи истењсоли мањсулоти саноатӣ њамасола рў ба афзоиш дорад, бо ташкили нуќтањои савдо бо шароитњои муосир, махсусан дар пойтахти мамлакат сатњи хизматрасонињо ба талаботи љањонї мутобиќ шуда истодааст ва ин маънои онро дорад, ки мо давра ба давра бо тарзу усулњои замони муосир гузашта истодаем.

Тавре ки маълум аст, сифатнокӣ талаботро ба мол ва хизматрасонињо торафт афзун мегардонад. Дар бозор аслан ба ҳамон маҳсулот талаботи мардум, бештар аст, ки ба бехатариаш кафолат дода шуда, њамзамон, сифати хуб дорад ва њамон хизматрасоние писанди мардум аст, ки ба табъу завқи истеъмолкунанда мувофиқ мебошад.

Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор додаст. Њамчунин, ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд, њамин аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ низ дар кишвар сол аз сол вусъат пайдо намуда, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас гардида истодааст.

Љиҳати дастгирии истењсолкунандагон ва соњибкорони ватанї Агентии Тољикстандарт тасмим гирифтааст, ки як ќатор соњибкоронеро, ки њисси баланди ватандўстї ва масъулиятшиносї доранду барои мутобиќ намудани хизматрасонии соња ба талаботи меъёрњои байналмилалї сањм мегузоранд, ќадрдонї намояд.

Ба ин маќсад санаи 11 феврали соли 2022 дар бинои Агентии Тољикстандарт бо иштироки роњбарият, кормандони дастгоњи марказии Агентї ва соњибкорон љаласаи васеъ доир гардид. Дар он як ќатор соњибкорон барои њамкории муштарак ва сањми арзанда дар рафти фаъолияти соњибкорї дар таъмини молњои босифат ва бехатар, инчунин, хизматрасонињои сатњи олї бо “Сипоснома”-и Агентии Тољикстандарт сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи љаласа аз љониби роњбарияти Агентии Тољикстандарт таъкид гардид, ки воќеан њар як дастоварди соњибкорони ватанї боиси ифтихори мост, аз њама муњимаш ин аст, ки њар яки шумо дар самти соњибкорї ва хизматрасонї мавќеи худро дарёфтеду љињати ба роњ мондани хизматрасонии ба талаботи меъёрњо љавобгў сањмгузоред.

Дар охир соњибкорон барои ќадрдонї ва таваљљуњ ба фаъолияти онњо изњори сипосу хушњолї намуданд.

“Стандарт”