ХАБАРҲО

2022-03-31: Паёми Пешвои миллат - ҳуҷҷати роҳнамост

Паёми Пешвои миллат - њуљљати роњнамост

Чанде пеш дар Агентии Тољикстандарт бо иштироки раиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Фирдавсї, роњбарияти Агентї ва кормандони дастгоњи марказї љаласаи васеъ оид ба омўзиши муњтавои паёми навбатии Пешвои миллат баргузор гардид.

Нахуст, аз љониби роњбарияти Агентии Тољикистандарт ќайд шуд, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Инчунин, баррасии дастовардҳои ин давра, ки дар паёми Пешвои миллат ироа шуданд, шаҳодати он аст, ки тайи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор, вале созандаро тай намуда, имрӯз ба як кишвари устувор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихии давлат ва мардуми мост. Яке аз хусусиятҳои асосии паёми имсола дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Њамчунин, дар паёми имсола Пешвои миллат, мисли паёмҳои қаблӣ ба рушди бемайлони соҳибкории ватанӣ ва дар ин замина тањкими истењсолот ва раќобатпазир намудани мањсулоти ватанї аҳамияти хоса зоҳир намуда, ба маврид таъкид карданд, ки: «Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад».

Дар идомаи љаласа раиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Фирдавсї суханронї намуд. Ў њамзамон, ќайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти љомеа чун ҳуљљати раҳнамо хизмат менамояд.

«Стандарт»