ХАБАРҲО
2022-03-31: Омилҳои коҳиш ёфтани воридоти меваҷот аз хориҷи кишвар
Темурљон Абдулвањобзода, директори Агентии Тољикстандарт
Ќобили ќайд аст, ки тавассути татбиќи сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон љињати таъсиси истењсолоти воридотивазкунанда на танњо воридоти мевањо, балки аксар мањсулоти кишоварзї ва дигар соњањои саноат низ коњиш ёфтааст. Ин шањодат аз он медињад, ки сиёсати иќтисодии давлат воќеан самаранокии худро собит сохта, ба рушди истењсолоти ватанї мусоид карда истодааст. Вобаста ба коњиши воридоти мева аз хориљи кишвар њаминро ќайд кардан зарур аст, ки дар ин самт ягон чораи маъмурии пешгирии воридот тањия ва татбиќ нашудааст.
Бо дарназардошти манфиати муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ афзоиш ёфтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушку тари аз љињати экологӣ тоза барои кишварҳои офтобиву аз лиҳози иқлим мевапарвар чун Тоҷикистон, ин соҳа яке аз самтҳои аслии даромад ва дар заминаи он боло бурдани вазъи некуаҳволии мардум дониста мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарки ин ҳолат ва манфиатовар будани соҳаи боғу токпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешбурди ин соҳа як қатор барномаҳои амалие ба тасвиб расонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба афзоиш ёфтани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишварзӣ зикр шудааст, ки “Дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа, дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонда шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат, соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд ”.
Дар ин давра ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо меваҷоти ватанӣ ва ҳамзамон, содирот намудани ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои мақсаднокеро ба тасвиб расонидааст. “Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангурвапарвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамеша сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010”, “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” аз зумраи онҳо ҳисобидашуда, дар ин самт, инчунин, 27 августи соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” ба тасвиб расида буд, ки дар бахши боғу токпарварӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Барномањои амалї дар соња, омили аслии рушди истењсоли меваљоти ватанї ва дар ин замина коњиши воридоти он аз хориља мебошад. Омили аслии коњиши воридоти мева аз хориља ба Тољикистон ин таваљљуњи бевоситаи Пешвои миллат ба бунёди боѓњои интенсивї ба шумор меравад. Ќобили ќайд аст, ки бо маќсади танзими заминањои институтсионалї љињати рушди боѓу токпарварї дар кишвар як ќатор барномањои соњавї тањия, ќабул ва татбиќ карда шуданд. Дар баробари ин тавассути андешидани чорањои муайяни агротехникї ва бунёди боѓњои интенсивї ва суперинтенсивї њосилнокии мевагињо ва ангур низ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Яъне, афзоиши истењсолоти ватанї омили асосии коњиши воридоти мева ба њисоб меравад.
Ба ақидаи муҳаққиқон шароити замон ва зиёд гардидани талаботи давлатҳои Русияву Қазоқистон ва дигар мамолики ҷаҳон ба меваҷоти истеҳсоли Тоҷикистон зарур шуморида шуд, то Барномаи мазкур қабул гардид.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи боғу токпарварӣ метавонад ба ғанї гардонидани бозори дохилӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд ва бо зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти мевагии ватанӣ ва дастрасбудани арзиши он ба ҷомеа ниёз ба ворид намудани ин номгӯй маҳсулот аз хориҷа намондааст.
Тавре зикр шуд омили якуми коњиши воридоти мева ин таваљљуњи бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалї Рањмон ба бунёди боѓњои интенсивї буд, омили дигар, ин дастгирии давлатии ташаббусњои соњибкорон ва ширкату корхонањои ватанї дар самти бунёди сардхонањо ва аз худкунии технологияи нигањдории меваљот ба њисоб меравад. Агар солњои ќаблї истењсолкунандагони мањсулоти соњаи боѓу токпарварї ва соњибкорон дар мавриди нигањдории намуди молї ва сифату тамъи меваљот мушкилињои зиёд доштанд, имрўзњо тавассути бунёди сардхонањои муосир ин масъала њалли худро ёфтааст. Вобаста ба ин, як нуктаи муњим ќобили таваљљуњ аст, ки бо бартараф шудани мањдудияти таъмини ањолї ва соњањои хољагии халќ бонерўи барќ низ аз љумлаи омилњои асосии тањкими иќтидори сардхонањои кишвар ба шумор меравад. Омилњои дар боло ќайдшуда сабабњои калидии коњиши воридоти мева ба кишвари мо мебошад.
Айни замон бо андўхтани таҷрибаи кишоварзони хориҷӣ дастовардҳои деҳқонони тоҷик дар соҳаи боғу токпарварӣ назаррас буда, боғпарварӣ дар 3 самт рушд меёбад, ки он ҳам “экстенсивӣ, интенсивӣ ва супер интенсивӣ” мебошад. Мувофиқи иттилои дастрас усули боғпарварии интенсивӣ дар Тоҷикистон соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 гектар чунин боғот бунёд карда шудаанд. Ба гуфтаи кишоварзон боғҳои интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда, дар муддати 2-3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кўтоҳтарин муддат мепӯшонанд. Инчунин, боғҳои интенсивӣ имконият доранд, ки аз як гектар то 40-50 тонна ҳосил диҳанд.
Дар интиҳо месазад зикр намуд, ки гузаштан ба шаклу усулҳои муосир дар ҷодаи бунёди боғу токзор, ба даст овардани ҳосили фаровон ва дар баробари таъмини бозори дохиливу коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷӣ талаботи рӯз буда, аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.