ХАБАРҲО
2022-03-31: Масъулияти сохибкор бояд баланд бошад
Масъулияти соьибкор бояд баланд бошад
Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии мањсулот, њифзи бозори истеъмолї аз молу мањсулот ва хизматрасонии пастсифат ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон аз тарафи мутахассисони Агентии Тољикстандарт дар нуќтањои савдою бозорњо ва хўроки умумї корњои тавзењотию фањмондадињї гузаронида мешавад.
Дар рафти гузаронидани корњои фањмондадињї аз соњибкорон даъват ба амал оварда мешавад, ки молњои пастсифат ва ё муњлати истеъмолашон гузаштаро ба мардум нафурўшанд. Барои несту нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ингуна молу мањсулот ба Агентии Тољикстандарт мурољиат кунанд. Дар њолати ошкор кардани фурўши молњои пастсифат ва ё муњлатгузашта тибќи талаботи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон нисбати онњо чорањои маъмурї андешида мешавад.
Мутахассисони нозироти савдои Агентї тайи ду моњ, яъне моњи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 аз нуќтањои савдо ва бозорњо 8500 кг мањсулоти пастсифат, муњлати истеъмолиашон гузашта ва бе сертификати мутобиќат, ба монанди мањсулоти ќаннодї, кулчаќандњо, мањсулоти гўштї, чойи хушк, намак, мањсулоти консервашуда, ѓизои кўдакона ва дигар номгўи мањсулотро, ки њангоми гузаронидани назорати давлатї дар нуќтањои савдо ошкор карда шуданд, дар асоси хулосањои ташхисгоњи мањсулоти хўроквории Агентї, бо иштироки комиссияи салоњиятдор несту нобуд намуданд.
Бештари њолат сабаби вайрон гардидани молу мањсулоти ѓизої аз риоя накардани њолати нигоњдории он вобастагии калон дорад. Аз ин рў њар фурўшанда ва ё соњибкоро мебояд ба риоя ва нигоњдории дурусти он ањамият дињад. Инчунин, молу мањсулотеро, ки муњлати истеъмолиашон гузаштааст аз муомилот гиранд, зеро барои манфиати хеш шуда саломатии мардум ва насли ояндаи миллатро зери хатар набаранд. Ба генофонди миллат зарбаи нобахшиданї назананд.
Далелњои дар боло зикршуда нишон медињад, ки њоло њам баъзе аз фурўшандагону соњибкорон ба бемасъулиятї роњ дода, талаботи ќонунро вайрон намуда, њуќуќњои истеъмолкунандагонро вайрон менамоянд. Чунин ҳолатро ба назар гирифта, мо сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд роҳу усулҳоеро пайдо намоем, ки барои иҷрои қонунҳо заминаи мусоид фароҳам оварад ва аз тарафи дигар соҳибкор иҷрои ҳатмии қонунро чун маданияти баланди шаҳрвандӣ ҳисоб намояд. Аслан, соҳибкоронро ба якчанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Аввалан, онҳое, ки содиқона аз рӯи виҷдони пок кору фаъолият мебаранд. Сониян, онҳое, ки молро аз хориҷи кишвар тариқи қочоқ ворид месозанд ва ниҳоят, онҳое, ки аз рӯи тавакал ба ин намуди фаъолият даст мезананд. Табиист, ки фаъолияти ду гурӯҳи соҳибкорони минбаъда хатарноканд. Маҳз, аз беэътиноии чунин соҳибкорони тасодуфӣ имрӯз бозорҳои моро молҳои пастсифат пахш кардаанд, ки чунин молу мавод дар ватани худашон харидор надоранд. Ба ибораи дигар чунин молҳоро дар хориҷи кишвар боз ҳамон соҳибкорони тасодуфие истеҳсол мекунанд, ки ҳисси миллӣ-ватандӯстии кишвари худашонро надоранд ва онро эҳтиром намекунанд. Табиист, ки дар аксари мамолики Аврупо, Осиё ва Амрико, аз ҷумла, Америка, Англия, Туркия, Хитой, Эрон ва ғайра мањсулот босифатанд. Чунки дар он мамлакатҳо эҳтироми Қонун риоя карда мешавад. Соҳибкорони дигар давлатҳо қабл аз истеҳсоли мол табъу завқи мардуми худро меомӯзанд ва мувофиқ ба эҳтиёҷоти онҳо мол истеҳсол мекунанд. Дар ин раванд мо бояд ба он муваффақ шавем, ки соҳибкорони мо онро бояд дарк намоянд ва дар ниҳоди худ парваранд, то ки дар амалҳояшон нисбати мардум ва халқу Ватани худ беэҳтиромӣ падидор нагардад.
Хушбахтона имрўз сафи соњибкороне, ки масъулияти баланди шањрвандиро эњсос намуда, бо хоњиши худ барои несту нобуд сохтани мањсулоти муњлати истифодаашон гузашта ба Агентии Тољикстандарт мурољиат мекунанд, меафзояд. Аз ин рў аз соњибкорон ва истењсолкунандагони ватанї даъват ба амал оварда мешавад, ки хилофи ќонун амал накунанд, њамчунин, ба саломатии мардум бетаваљљуњ набошанд.
Дар навбати худ истеъмолкунандагон бояд, ки њуќуќњои худро донанд ва дар натиљаи муайян кардани чунин камбудињо ба маќомоти дахлдор, аз љумла ба Агентии Тољикстандарт ба таври хаттї ва тавассути телефони боварї мурољиат намоянд.
Парвиз Муњибов,
сардори Нозироти савдои Агентии Тољикстандарт