ХАБАРҲО
2022-02-14: Чанд маслињат
Чанд маслињат
Аксар аз шаҳрвандон бар он назаранд, ки баъд аз истифодаи таҷҳизоти барқӣ, њангоми аз хона ё коргоҳ берун рафтан таљњизотро хомўш намудан, вале васлакро аз шабакаи барқ ҷудо накардани ашёҳои маишӣ нерўи барқ қатъ мегардад ва сарф намешавад, аммо чунин нест.
1.Пурра ҷудо накардани ноқилҳои таҷҳизоти барқӣ бар зарари ҳар як хонавода аст. Яъне њангоме, ки таљњизоти барќї хомўш аст, вале васлак аз барќ људо нест дар ин њолат нерӯи барқ сарф мешавад.
Ба ҳисоби миёна маҳз бо сабаби васлакро аз шабакаи барқ ҷудо накардан ҳамасола ҳар як хонавода тақрибан ба ҳисоби миёна то 580 килловат нерӯи барқро беҳуда сарф мекунад ва барои он маблағ месупорад. Агар ин сифро ба арзиши барќ, ки 22.66 дирамро ташкил медињад зарб занем 131 сомонию 42 дирамро дар бар мегирад. Дар баъзе хонаводаҳо шояд аз ин ҳам зиёдтар маблағ беҳуда харҷ гардад.
Аз ин рӯ, барои сарфакории нерӯи барқ ва маблағҳои хонаводагӣ кушиш кунед, баъд аз истифодаи таҷҳизоти барқии маишӣ васлакҳоро аз шабакаи барқ пурра ҷудо карданро фаромўш накунед.
2. Оё медонед, ки нодуруст ҷобаҷогузорӣ кардани таҷҳизоти барқии маишӣ низ сабаби харҷи беҳудаи нерӯи барқ аст. Масалан, агар яхдонро дар паҳлӯи плитаи хӯрокпазӣ ва ё тафдон ҷой кунем, пас аз ҳисоби яхдон ба ҳаҷми 30 фоиз нерӯи барқ талаф меёбад. Дар чунин ҳолати ҷобаҷогузорӣ таҷҳизоти пухтупазӣ аз худ ҳангоми истифода гармии зиёд хориҷ мекунанд ва дар натиҷа яхдон барои сард шудани дохилаш нерӯи барқро зиёд сарф мекунад.
3. Як омили сарфакории нерӯи барқ ва маблағҳои хонаводагӣ он аст, ки ҳангоми интихоби таҷҳизоти барқии маишӣ шитоб накарда, ҳамеша ба тамғаќоғази он таваҷҷӯҳ намоед. Ба дараҷаи самаранокии он диққат дода баъдан харидорӣ кунед.
4. Замона дар ҳоли рушд аст ва ҳар нафар хонаи худро мехоҳад ба таври муосир таъмир кунад. Аксаран баъд аз таъмири хонаи худ барои равшан гардонидани утоқҳо намуд ва теъдоди зиёди фурӯзонакҳоро интихоб мекунанд, ки дар натиҷа талафоти неруи барқ ҳам зиёд мегардад. Омили сарфакории дигари неруи барқ он аст, ки фурӯзонакҳоро вобаста ба ҳаҷми утоқҳо интихоб бояд кард.
5. Агар мехоҳед, ки тамоми умр маблағҳои хонаводагии шумо аз ҳисоби сарфи неруи барқ камтар харҷ шавад, пас пеш аз бунёди хона ба як чиз таваҷҷуҳ кунед. Ҳангоми бунёди хонаи нав аз масолеҳи сохтмонии хусусияти муътадил нигоҳдорандаи гармиву сардӣ истифода баред. Масалан бо хишти пухта бунёд кардани девор метавонад талафоти барқро ва дар баробари ин маблағҳои шуморо пешгирӣ кунад. Дар ҳоли истифодаи хиштҳои сементӣ агар таҷҳизоти барқии гармидиҳанда шабонарӯзӣ кор кунад ҳам гармии дар хона таъминшуда 1 баробар зиёд талаф меёбад ва ин, зарба ба иқтисоди хонаводагӣ хоҳад шуд.