ХАБАРҲО

2021-12-07: Ҷашни бахтномаи миллат

Ҷашни бахтномаи миллат
Чанде пеш дар маркази дастгоҳи Агентии Тоҷикистандарт оид ба рӯзи Конститутсия ҷаласаи васеи тантанавӣ бо иштироки Директори Агентии Тоҷикистандарт муовинон, сардорони Раёсату шуъбаҳо ва кормандон баргузор гардид.
Нахуст, Директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Назурулло Темурҷон баромад намуда оид ба паҳлуҳои Конститусия суханронӣ кард. Ӯ ҳамзамон, иброз дошт, ки 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро дар ин рӯз ду падидаи муҳим ва тақдирсоз – қабули Конститутсия ва интихоби Президенти Тоҷикистон сурат гирифтанд. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буд. Халқи Тоҷикистон тавонист дар як марҳалаи ҳассос шахси хирандманду дураандеш Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари худ интихоб кунад. 
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон, шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон, ҳамчунин, мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ мебошад. 
Баъдан, муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора баромад намуд. Ӯ дар суханронияш қайд кард, ки нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаётиро мушаххас гардонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст. 
Дар идомаи ҷаласа сардори Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тоҷикистандарт Аҳмадҷон Туманов суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст. Он манфиатҳои олии миллат ва кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату мамлакат медонад. Конститутсия барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии Тоҷикстандарт Дилафрӯз Рӯзибекова дар идомаи ин ҷаласа риштаи суханро дар ихтиёр гирифт ва оид ба рӯзи Конститутсяи чанд нуктаро баён дошт. Ӯ ҳамзамон, иброз кард, ки давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу талаботи шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Ин аст, ки солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ хеле афзоиш ёфтааст. Барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, дар давоми солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксари мактабҳо таъмиру таҷдид гардида, садҳо мактаби нав бунёд шудаанд. 
Дар рафти ҷаласа, дар баробари дигар баромадкардаҳо сардори шуъбаи назорат дар саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт Манучеҳр Муродализода низ сухан намуд. Ӯ иброз дошт, ки қонунҳое, ки дар асоси Конститутсия ва бо мақсади амалишавии он қабул шудаанд, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатро танзим намуда, барои рушди босуръати устувори иқтисодву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ гузоштанд.
Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгиро бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Тоҷикистон ҳоло сиёсатеро пеш мебарад, ки ба мутобиқ намудани масъалаҳои рушди кишвар бо равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллӣ имкониятҳои муносиб фароҳам орад ва заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ таъмин созад.
Дар баробари суханкардаҳо, инчунин, Раиси иттифоқи касабаи агентӣ Раҳмизода Ҷурахон, сардори шуъбаи стандартонии агентӣ ва дигар кормандон баромади кӯтоҳ намуда ҳозиринро ба ҷашни тантанавӣ шодбош гуфтанд.
Дар охир Директори агентӣ бо таманиёти нек ва саршор аз лутфу меҳрубонӣ кормандонро таҳният гуфта барояшон зафару комёбӣ ва дар иҷрои уҳдадориҳо барор таманно кард.