ХАБАРҲО

2021-09-06: Дар Агентии Тоҷикстандарт бахшда ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид

Дар Агентии Тоҷикстандарт бахшда ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид

 

Дар Агентии Тољикстандарт бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон ва мењмонон - шоири халќии Тољикистон, Лауреати ба номи Абўабдуллои Рўдакї Муњаммад Ѓоиб ва њунарпешаи мардумии Тољикистон Ортиќ Ќодир ҷамъомади тантанавї доир гардид.

 Ҷамъомадро директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Абдулвањобзода Темурљон ифтитоҳ намуда, аҳли кормандон ва кулли иштирокдорони маҷлисро ба ифтихори фархундаҷашни миллӣ, табрику муборакбод гуфта, њамзамон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ  таҳти сарварӣ ва иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои  назаррас ва бесобиқа  ноил гардидааст. Комилан аён аст, ки дар даврони истиқлол тамоми соҳаҳои  иқтисоди миллии мамлакат босуръат рушд ёфта, сатҳи некуањволии мардум њамасола бењтар шуда истодааст.

Дар интиҳои суханронӣ  директори Агентӣ таъкид ба амал овард, ки аз дастоварду комёбиҳои Истиқлолият бархурдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халқу ватанамон ба ҷо оварда метавонем.

Дар рафти чорабинӣ инчунин, аз љониби мењмонон ва кормандони Агентї доир ба бузургдошти истиќлолияту озодї, наќши Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар эъмори давлати соњибистиќлоли тољикон, њифзи арзишњои миллї, вањдату ягонагї, шукргузорї аз сулњу суботу осоиштагї ва гузоштани сањми муносиб дар рушди иќтисоди миллї изњори назар карда шуд.

 

Дар қисмати ҷамъбастӣ дар асоси фармоиши директори Агентӣ як қатор кормандони фаъол бо ифтихорномањо сарфароз гардонида шуданд.