ХАБАРҲО

2021-08-31: Шукргузори озодию ободӣ ва оромию осудагии ватанем!

                 Шукргузори озодию ободӣ ва оромию осудагии ватанем!

 

       Таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати давлатии ҷавонон таҳкиму тақвият ёбад ва ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи созанда дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

        Мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол шукргузори озодию ободӣ ва оромию осудагии ватанем. Меболем, ки Пешвои муаззам дорем ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш аз ҳидоятҳои ӯ баҳра мебарем. Пешвои миллат бо машъали фурузони нанги ватандорӣ роҳи ояндаи моро мунаввар кардааст. Моро аз худ бохабар мекунад, ба бунёдкориву созандагӣ сафарбар месозад.

          Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи давлатҳои ҷавони рӯ ба инкишоф аст ва аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки ояндаи Ватани мо бо нерӯи созандаи насли навраси мамлакат боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд.

        Мо насли ояндасози миллат аз дастуру супориш ва раҳнамоии Пешвои хирадманд дар ҳар қадам панд мегирем. Дар эъмори ҷомеаи демократӣ ташаббускорӣ нишон дода, гузаштаро меомӯзем, имрӯзро шукуфонтар мекунем ва ояндаро месозем.

         Имрӯз ҷавонони бонангу ори тоҷик беш аз пеш рӯ ба илму ҳунаромӯзи оварда, дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғуланд. Зеро замони муоссир тақозо мекунад, ки насли ҷавони имрӯза баҳри ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ омода бошад. Ғояи миллӣ, андешаи миллиро, ки асоси онро Ваҳдату сулҳу бародарӣ ташкил мекунад, гиромӣ дошта, баҳри таҳкими Истиқлолият ва ғояҳои давлатдории миллӣ ҷаҳду ҷадол созад.

         Дар ин роҳ ҷавонон бо ифтихору сарбаландӣ ҳимоят ва ғайрати хосса амал карда, дар тарғибу ташфиқи муқаддасот, анъанаҳои миллӣ забон ва фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ пайрави Пешвои миллат будани худро нишон хоҳанд дод. Ва фардои Ватанро аз имрӯз зеботар хоҳанд кард.

Мо ҷавонон дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиву таҷаллии Ватани маҳбубамон қуввату дармони худро дареғ надошта, доимо дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлат ва миллатамон омода ҳастем.