ХАБАРҲО

2021-08-31: Бигзор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу субот танинандоз бошад.

Бигзор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу субот танинандоз бошад.

Басо гуворост, ки ба шарофати соҳибистиклолӣ имконияти дар бораи худшиносии миллӣ, андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ на фақат қазоват намудан, балки дар сатҳи баланди мақомоти сиёсӣ ва заминаи амиқ амалӣ гардонидани онро пайдо кардем. Зиёда аз ин роҳбарияти олимақоми тоҷикон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии ин омилро ба таври равшан барои инкишофи ояндаи халқи тоҷик, тақвияту пойдорӣ ва якпорчагии давлати миллӣ, ташаккули худогоҳию  худшиносӣ, ифтихору эътибори тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон дошт.

Боиси хурсандист, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар майдони худшиносии миллӣ миллати тоҷик марҳилаеро тай намуд, ки ба садсолаҳо баробар аст ва ин солҳо ба гумони мо дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад гашт.

 Ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, тӯли ин солҳо шоҳиди онем, ки Пешвои миллат барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу амонӣ, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрӯву эътибори Давлати Тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодаанд.

Имрўз фазои сулњу субот ба татбиќи сиёсати иќтисодї, ба манфиатњои давлатдории миллї ва ба татбиќи се њадафи стратегие, ки Љаноби Олї ба миён гузоштаанд, љавобгў буда, зина ба зина њалли худро ёфта истодаанд.

Муҳимтар аз ҳама дар кишвари азизамон имрӯз амнияти суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина, ба зиммаи насли имрӯзи ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ - бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.

Аз комёбиҳои истиќлолият бархурдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халќу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем.

 Бигзор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу субот танинандоз бошад. Мо бояд аз хар як рузи њаётамон дар шароити сулњу осоиштагӣ ва тинљӣ миннатдор ва шукргузор бошем.
 

Тоњиров Њасан, директории МТМ шањри Истаравшан