ХАБАРҲО

2021-06-01: Истиқлолият

                         Бақодории Истиқлолияти давлат  аз сулҳу ваҳдат аст.

    Соҳибистиқлоли кишвари мо шинохти миллатро дар саросари олам боис гардид. Дастовардҳои беназир, ободиву рушду такомул, сулҳу осоиштагӣ нишонаи олии мустақилият ва сарватест, ки наметавон онро бо ҳама моли дунё баркашид. Кишваре, ки соҳибистиқлол аст ба ҳар коре метавонад бо ақли солими худ назар кунад ва барои амалӣ кардани ҳадафҳо қадамҳои устувор гузорад. Сиёсати худ, иқтисодиёту дастовардҳо ва дурнамои худро бо хиради худ бисозад.

     Тоҷикистон, як зинаи басо даҳшатнок, ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, ки аз ин зарбаи шадид, тамоми пояҳои давлатдориву иқтисод хароб гардид ва ҷонҳо бебозгашт рафтанд. Ба бахту иқболи баланди ин миллати аззиятдида равшани бар зулмот ғолиб омад ва тоҷикон бо шарофати соҳибистиқлоли худ тавонистанд як давлати ободу орому осудаеро бунёд кунанду боз ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ дар руи олам шинохта шаванд.  

   Боиси хушбахтиву сарбаландии тоҷикон гардид, ки кишвари мо ҳам баъд аз хотимаи ин шуру шари фаромушнашавандаи таърих  роҳро ба сӯи нури ҳаёт, ояндаи пурҷилову рангин, тараққиёт, рушду дастовардҳои муосир ба рӯи худ боз карда ба дунёи наву тозаи соҳибистиқлолӣ ва саҳифаҳои заррини таърихӣ ворид гардид. Дар ин самт албатта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тули ин қадар солҳо заҳмати зиёде кашидааст, то Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳоли рушду тараққиёт қарор бигирад ва дар миёни кишварҳои олам мақоми хоссаеро касб намояду сари миллатро бо нангу номуси ватандорӣ баланд бардорад.

    Хушбахтӣ аз ин беш нест, ки ҳар шаб, сар ба болин, паҳлуи наздикону пайвандон бо хотири ҷамъу осуда мегузорему ва боз субҳгоҳон дар фазои орому осудаи Ватан бо хушҳолӣ бармехезем. Ҳангоми ба ҷое рафтан ҳар гоҳ, чи шабу чи рӯз аз ҳавои покизаву соф нафас мекашем ва озодона, бе он ки дар диламон хавфу хатаре бошад, дар кӯчаҳои шаҳрамон ва ҳар гӯшаи хоки ватани биҳиштосо қадам мезанем ва ё сафар мекунем. Шояд дар ин ҳангом, ки  барои миллати тоҷик  чунин як неъмати беназир, сулҳу суббот насиб гардидаасту зиндагии осоиштаеро ба сар мебарад, қисме аз сокинони сайёраи мо дар ҳолатҳои даҳшатноке ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ва тифлаконашонро паси сар мекунанд ва шояд барои порае нону обе сахт ниёз дошта бошанду барои зинда мондан мубориза мебаранду сад ранҷу сахтиро аз сар мегузаронанд. Ин ду ҳолатро мантиқан дар тарозуи ақл бояд баркашид. Ин гуфтаҳо барои мардуми мо низ бегона нест. Даҳшати хунрезиҳо, фирору бесарусомонӣ, фазои пурдуду ғализ аз оташи ҷанг, садои таркишҳову тиру туфанг, хонаҳои ба коми оташ фурурафтаи ободи мардуми тоҷик ва марги фарзандони дар хун оғушта ва наздикони бедаракгаштаи худро ҳеҷ як аз модарону хоҳарон ва падарон фаромуш карда наметавонанд. Ин дарди ҷонкоҳ ҳанӯз ҳам синаи модари тоҷикро бо сад аламу сузиш мешикофад. Таърихи нангинест, фаромушношуданӣ.

        Шукр ҳама паси сар шуд. Сарвари гиромиқадру хирадманди тоҷик Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи ҳама ин доғро бо синаи паҳнои мардонагӣ дар айёме, ки ҷасорату далерии бузурге мебоист, сипар гашт. Кишвари тоҷикро бо болҳои меҳру муҳаббату ғамхорӣ фаро гирифт, орузуву омоли ҳар модари ҷигарсӯхтаро бо баҳори сулҳу оромиш гулпӯш гардонид. Муҳимтарин рисолати ватандориро дар ҳассостарин давраи таърихӣ анҷом дод ва тоҷикро аз фирору ғурбату парокандӣ ба хонаи ягонаи худ, Тоҷикистон пасгардонид ва дар рӯи замини поку муқаддаси Меҳан тухми ваҳдату якдилиро бикошт.

          Ҷаҳоне, ки  имрӯз мо дар он умр ба сар мебарем ғарқи мушкилот аст. Муборизаи некиву бадӣ шадид ба чашм мерасад, ҷаҳолат дар қалби бархе аз инсонҳо, ки мафкураи торику танге доранд афзун мегардад ва бо дасти нопоки худ барои инсонҳои бегуноҳ ҷабру зулму ситамро раво дида, ободии солҳо бунёдкардаро дар як лаҳза харобу валангор месозанд. Магар инсон будан ҳамин аст? Магар месазад бо ин умри кутаҳи худ чунин роҳи ваҳшониро интихоб кунем ва зиндагии ободу орому сулҳу суботро, ки неъмати арзишмандтарин барои аҳли башар аст, нобуд созем ва худро ҳам. Рисолати инсон буданамон дар он аст, ки танҳо бисозем, набалки бисӯзем ва бо андешаҳои носолиму нафъгирӣ ба худ имрӯзу фардои худро ба коми нобудӣ ҳаво диҳем. Имрӯз садҳо шаҳрҳои ободу сарсабз маҳз бо дасти золимон, ки чашмашон пур аз хун аст,ба харобазор табдил ёфтааст, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ тифлакону пирон ба душашон аз Ватан фирориву саргардон,бехонаву дар, гуруснаву ташнаву бемор ҳар куҷои олам сарсону ҳайронанд ва ҳатто зери фишору ситам қарор доранд. Аз тафаккури золимонаи онҳо танҳо ҳамин бармеояд,ки ҳаёт бояд дар биёбони вайронаву сӯзон идома ёбад. Чашму қалби онҳо танҳо миёни харобот зистанро мебинаду бас, ки разилӣ аз ин зиёд нест ва аз инсон будани худ кайҳо фаромуш кардаанд.

     Замине, ки дар он инсон умр ба сар мебарад тамоми неъматҳои зиндагӣ карданро дорост. Танҳо бо ақли солим ва адолату тифоқӣ аз он мебояд истифода карду аз неъматҳои беҳамтои он пурсамар истифода бурд. Дар ин ҳолат ҳар як шахс дарк мекунад, ки зиндагӣ чи қадар хуш аст ва инсон будан чи қадар хуб аст.

    Пойдориву устувор гардонидани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, ки заминаи асосии пешрафту ободии ҳар давлату бақодории ҳар милатест, роҳи тулонӣ ва пурпечутобе буд. Барои ҳар ҷомеае, ки бо чунин даҳшат рӯ ба рӯ гардида буд, ҳифзу ҳимояи торҳои нозуки он ақлу хиради баландро тақозо мекунад, то камтарин хатое решаҳои ин неъмати беназири ҳаёти инсониро коставу хароб нагардонад. Магар инсон метавонад ҳамеша дар ҳолати ҳисси хавфу хатар зиндагиро идома бахшад? Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, ки ҳаёт дар рӯи замин дар чунин шакл бақодор бимонад ва насли инсонӣ идомабахши зиндагӣ гардад. Дарси дардноки гузаштаи худро мо тоҷикон бояд барои ҳамеша дар як гӯшаи хотирот ҳифз карда бошем ва барои ояндаи неки фарзандон ҳаргиз  шароите фароҳам наорем, ки миллату давлатро ба хатаре дучор гардонанд. Зиндагии ширини имрӯзи худро, ки зарра-зарра тули солҳо гирд овардаем парешону пош накунем. Инсонро танҳо чанд муддат дар рӯи зиндагӣ   умр ба сар бурдан насиб гаштаасту бас. Пас набояд онро барбод диҳем ва онро дар азобу уқубати ҷангу талошҳои бемаънӣ паси сар гардонем ва дар баробари ин ҳаёти фарзандону наздиконро ҳам талху ноком гардонем. Аз ин ҳаёти орому осуда, ободиву шукуфоӣ мебояд баҳра бурд, барои пешрафти Ватан бо сари баланду нангу номуси инсонӣ саҳми босазо гузошт ва ҳамчун инсони комилу худшинос арзишҳои бузургу муқаддасоти хешро арзишманду гиромӣ нигоҳ дошт. Ин Ватан аз мост, ин хоки зархезу пурганҷ аз аждодони мо то ба имрӯз ба мо расидааст. Аз ҳама хушбахтиҳо ва неъматҳои он танҳо лаззат бояд бурд. 

                                                                                                   Ойгул  Одинаева.