ХАБАРҲО

2021-05-27: 25 МАЙ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ

25 МАЙ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ

http://standard.tj/img/galery/img_227.JPG

Тибќи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муќаррар карда шудааст.  

Лозим ба зикр аст, ки дар радифи  идҳои тақвимии сол таљлил гардидани Иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Тоҷикистон баёнгари муҳимияти бахши стандартонӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллии мамлакат, муайян намудани сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию  воридотї, дар маҷмӯъ дастгирии соњибкорї ва њифзи бозори истеъмолии мамлакат мебошад. 

Таърихи стандартонӣ

Стандартонӣ таърихи чандинҳазорсола дошта, стандартҳои аз ҳама содда ва оддӣ аз ҷониби инсоният хеле барвақт аз  солшумории мо дар Чин ва Миср  фикр карда шуда буданд. Маҳз ба шарофати  ҷорӣ намудан ва такмил додани стандартҳо, сифати молҳои дар замони антиқа истеҳсолшаванда ба дараҷаи бемислу монанд омада расид.

Рушди махсуси низоми стандартонӣ дар таърихи ниёгони тоҷик  асрҳои IX-X, дар давраи ташкили давлати Сомониён ва таъсис ёфтани мақомоти идораи давлатӣ (девонҳо), ба вуқӯъ пайваст, ки яке аз он девонҳо муҳтасиб (ҳамшакли мақоми стандартонӣ) ном дошт. 

Дар аҳди Сомониён дар муносибатҳои тиҷоратию бозоргонӣ тартиботи амалкунандаи ҳамондавра қатъӣ риоя мешуд. Мардум аз доираи ҳуқуқу вазифаҳои базиммадоштаи худ берун намебаромаданд. Аз тарафи дигар ба ҷараёни корҳои тиҷоратию хариду фурӯш назорати қатъӣ бурда мешуд. Имрӯз Девони мӯҳтасиб то ба Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада расид. 

Дар давраҳои мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926 баъди ба табъ расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри  Душанбе ташкил намудани шуъбаи муваққатии санҷишгузаронии метрологии палатаи ченаку  вазн» таъсис дода шуд.

Аз октябри соли 1929 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин маротиба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ - палатаи ченаку вазн  ташкил ёфт. 

Баъдтар, ин як шуъбаи хурди санҷишӣ дар давоми мавҷудияти худ дар давраҳои Шӯравӣ пайваста рушд ёфта, то солҳои 90-ум аллакай ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на танҳо дар Душанбе, балки дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷузъҳои худро таъсис дода, фаъолият мекард. 

Бо соҳибистиқлол гардидани  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.  Имрӯз «Тоҷикстандарт» имкон дорад, масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳал намояд.

 Пайванди занҷираҳои ҳамкорӣ

 Мавриди зикр аст, ки Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Алҳол Агентии Тоҷикстандарт аъзои созмонҳои байналмилалии стандартизатсия (ИСО), аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС),  аъзо - корреспонденти Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML)), аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), аъзои Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q)   маҳсуб меёбад, ки ин, албатта, боиси ифтихори миллату давлат аст. 

 

Кафолатгари  ҳифзи беҳдошти ҷомеа

 «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти назоратӣ ва санҷишгари риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон бевосита дар ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма мебошад.

Алҳол дар Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон -Хуҷанд ва Бохтар, инчунин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар, назири Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Рашт, Шаҳритус, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат ва Ҷиргатол марказҳои ташхисии минтақавӣ созмон дода шудаанд. Ин марказҳо ҳамзамон дар татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва низомномаи  Агентии Тоҷикстандарт  фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Инчунин озмоишгоҳҳои ташхисии бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашуда фаъолият доранд. 

      Дар давраи фаъолияти Тоҷикстандарт заминаи моддӣ-техникии он хеле тақвият ёфт,  он имконият медиҳад, ки талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба қадри кифоя пурра таъмин шаванд.

    Рисолати асосии кормандони Тоҷикстандарт ва мақомоти он дар минтақаҳо аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои меъёрӣ дар кишвар  ба назорат гирифта ва ба танзим дароварда шаванд. Ё худ босифат кор намудан, хушсифат маҳсулот истеҳсол кардан, хизмати хуб расонидан, ба рақобат тобовар намудани маҳсулоти ватанӣ,  маҳаки асосии фаъолияти ҳайати кормандони  Тоҷикстандарт аст.

 Бояд тазаккур дод, ки дар асоси вазифаи ба зиммаи  Тоҷикстандарт гузошташуда, ин ниҳод низоми стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсикунонӣ ва ба танзим даровардани қоида ва меъёрҳои савдоро дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидории мамлакат амалӣ мегардонад. Амалӣ гардидани чунин иқдомҳо   барои тавсеаи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифатнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти худӣ заминаҳои мусоид мегузоранд, зеро роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир аст.

  Дар ин росто ҳайати кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон комёбию дастовардҳои меҳнатиро таманно менамоем.