ХАБАРҲО

2021-04-23: Мумайизони озмун оид ба дарёфти Љоизаи ИДМ дар соњаи дастовардњои сифат ва хизматрасонї муайян шуданд

 

 

Мумайизони озмун оид ба дарёфти Љоизаи ИДМ дар соњаи дастовардњои сифат ва хизматрасонї муайян шуданд

         

Аз 6 то 8 апрел  муовини сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї Нуруллозода Тоњир бо пешнињоди роњбарияти Агентї дар курси омўзишї оид ба омода намудани мумайизон барои бањогузории даври дуюми иштирокчиёни озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифат ва хизматрасонї, ки аз тарафи Бюро оид ба стандартонї  тариќи он-лайн ташкил шуда буд, иштирок намуд.

         Омўзиш аз тарафи мутахассисони касбии Љумњурии Белорус ва Федератсияи Россия гузаронида шуда, дар омўзиш инчунин намояндагон аз Федератсияи Россия ва Љумњурињои Белорус, Ќазоќистон, Узбекистон, Ќирѓизистон ва Арманистон иштирок доштанд.

Дар рафти омўзиш тамоми пањлуњои Модели аврупоии корхонаи идеалї ба њозирин дар шакли рўнамо гузаронида шуд. Ќайд кардан зарур аст, ки тибќи ин модел дар давлатњои Аврупо низ чунин озмун гузаронида мешавад. Дар ин муддат маърузачиён ба мумайизони озмун   оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифат ва хизматрасонї њар як банди озмунро омўхта, барои бањогузории даври дуюми озмун омода намуданд. Дар омўзиш 9 меъёр ва 25 банди модел пурра фаро гирифта шуд. Инчунин дигар мумайизон нуќтаи назари худро нисбати модел баён намуда, мавриди муњокима ќарор доданд. 

Инчунин дар рўзи сеюми омўзиш иштирокчиёнро ба озмунњое, ки дар давлатњои дигар гузаронида мешаванд, шинос намуданд. Бояд гуфт, ки омўзиш дар сатњи баланд гузаронида шуд.

Баъд аз ба итмом расидани омўзиш аз тарафи лекторон ва Бюро оид ба стандартонї бо тариќи он – лайн санљиши мумайизон гузаронида шуд.

Намояндаи Агентї - Нуруллозода Тоњир баъди гузаштани санљиши тестї ба руйхати мумайизони озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифат ва хизматрасонї барои давраи соли 2021 дохил карда шуда, имконияти санљиши иштрокчиёни озмунро дар дигар давлатњо пайдо намуд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар ин озмун Љумњурии Тољикистонро  ду корхона муаррифї менамоянд. Имрўзњо аллакай њисоботи ЉДММ «Љавонї» ба Бюро оид ба стандартонї пешнињод гардида, њисоботи ЉДММ «Ќолинњои Ќайроќум» омода шуда, дар арафаи пешнињод намудан ба Бюрои мазкур ќарор дорад.