ХАБАРҲО

2021-04-15: Табодули таҷриба ва омȳзиши амалии метрологҳои тоҷик  дар ш. Тошканд

Табодули таҷриба ва омȳзиши амалии метрологҳои тоҷик
 дар ш. Тошканд

Дар доираи Барномаи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори сифат барои давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и Институти физикию техникии Олмон (PTB) бо ташаббуси роҳбарияти Агентӣ ва дастгирии Институти мазкур Гурȳҳи кории Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак оид ба ҷорӣ намудани Низоми менеҷменти сифат бо мақсади табодули таҷриба ва омȳзиши амалӣ ҷиҳати дар сатҳи байналмиллалӣ гирифтани аккредитатсия тибқи талаботи стандарти байналмиллалии ИСО/МЭК 17025-2017 «Талаботи умумӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» аз 5 то 9  апрели соли 2021 бо сафари хизматӣ дар Институти миллии метрологияи Ҷумҳурии Узбекистон «УзНИМ» қарор доштанд.
Ҳамзамон, тибқи барнома дар сафари мазкур воситаҳои ченаки ҳарорат ва вазн аз тарафи Институти миллии метрологияи Ҷумҳурии Узбекистон «УзНИМ»  андозагирӣ карда шуданд, ки ин барои таъмин намудани занҷири пайгирӣ ва муқоисаи байнилабораторӣ пешбинӣ шудааст. 
Дар рафти сафар мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки  Агентии Тоҷикстандарт дар самти ҳарорат ва вазн ба ду гурȳҳ ҷудо шуда, дар соҳаи худ бо мутахассиони Институти миллии метрологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон «УзНИМ» корҳои амалӣ гузарониданд. Мутахассисон дар якҷоягӣ андозагирии воситаҳои ченакро анҷом дода, тарзи дуруст ҳисоб намудани номуайяниҳоро (расчёт неопределенности) байни якдигар муҳокима намуданд. Дар рафти муҳокима натиҷаи ҳисоб намудани номуайяниҳо байнӣ мутахассисони «Агентии Тоҷикстандарт» ва «УзНИМ» муқоиса карда шуданд.
 Институти миллии метрологияи Ҷумҳурии Узбекистон «УзНИМ» соли 2021 дар озмоишгоҳҳои ҳарорат, вазн ва фишор тибқи талаботҳои стандарти байналмиллалии ИСО/МЭК 17025-2017 «Талаботи умумӣ барои салоҳияти озмоишгоҳҳои санҷишӣ  ва андозагирӣ» аз ҷониби мақоми аккредитатсияи давлавти Туркия (TURKAK) аккредитатсияи байналмиллалӣ гирифтааст.
Инчунин, дар рафти сафар гурȳҳи корӣ таҷрибаи ҷорӣ намудани талаботҳои стандарти байналмиллалии ИСО/МЭК 17025-2017 ва гирифтани аккредитатсияи байналмиллалиро омȳхтанд.
Дар доираи барномаи мазкур Гурȳҳи корӣ инчунин, рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ барои мутахассисони  МСМС ва НС-и вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад, дар мавзȳъҳои “Талаботи стандарти байналмиллалии ИСО/МЭК 17025-2017”, “Андозагирии воситаҳои ченак”, “Тарзи ҳисоб намудани номуайяниҳо”, “Фарқи байни санҷиш ва адозагирӣ”, “Моҳият ва бартарии андозагирӣ” семинари омȳзишӣ гузарониданд.
Иштирокчиёни чорабинии мазкур - мутахассисони МСМС ва НС-и вилояти Суғд оид ба баъзе масъалаҳои барояшон мароқангези дар рафти семинар баррасигардида саволҳо дода,  барои худ посухҳои лозимӣ гирифтанд.
Дар гузаронидани чорабинии мазкур Гурȳҳи корӣ тарзи семинаргузаронии давлатҳои  тараққикардаи Аврупоро  истифода бурд, ки он хело босамар  ва ҷолиб  буд. Яъне, семинар на бо тарзи нотиқ ва шунаванда, балки бо тарзи муҳокимаи мавзӯъҳо байни ҳамкорон гузаронида шуд. Таҷриба нишон дод, ки чунин тарз гузаронидани семинарҳои омȳзишӣ барои шунаванда бисёр шавқовар ва самарабахш мебошад.