ХАБАРҲО

2020-11-25: ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ПАРЧАМ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

24 ноябр  бахшида ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ директори Агентии Тоҷикстандарт Абдувањобзода Темур оид ба таърих, моҳият ва арзиши волои Парчам ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандўстиву худшиносӣ изҳори ақида намуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис кормандони Тоҷикстандарт суханронї намуда, оид ба гиромидошти ин рамзи миллї, инчунин шукргузорї аз ин Ватани ободу дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон изњори назар карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо маќсади дар сатњи баланди ташкилї ва омодагї љашн гирифтани Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар намои бинои дастгоњи марказї ва њамчунин биноњои марказњои зертобеи Агентї парчамњои давлатї ва шиору овезањо насб гардиданд.