ХАБАРҲО
2020-11-17: Таљлили Рӯзи Президент дар Тољикстандарт
16 ноябр бо иштироки васеи кормандони Агентии Тоҷикстандарт бахшида ба Рӯзи Президенти кишвар бо садо додани Суруди миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар оѓоз муовини якуми директории Агентии Тољикстандарт Пирназарзода Диловар иштирокчиёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи хизматҳои Пешвои миллат дар бақои давлату миллат ва обрӯю эътибори кишвар дар арсаи умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Баъдан устоди Донишгоњи миллии Тољикистон Азимљон Љўраев баргузории рӯзи Президентро ҳамчун арҷгузорӣ ба саъю талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, изњор дошт, ки таҷлили ин санаи таърихӣ ба хотири гиромидошти қаҳрамониҳои бемисли Роҳабари давлат аст ва он барои халқи тоҷик аҳамияти хоса дорад.
Маъмурияти Агентӣ ва як қатор кормандон низ дар баромадҳои худ аз воқеаҳои нангину хунине, ки эҳтимоли парокандагии давлату миллатро ба вуҷуд оварда буд ва баъдан аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳми арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, рушду тараққиёт ва ободиҳои дар ин муддат амалигаштаро аз заҳматҳои тулониву масъулиятшиносии Сарвари давлат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба зима доштани чунин як масъулият ва талошњои мунтазам барои ҳифзи Ватан дар як давраи басо мушкилу хатарнок кори ҳар касе нест, вале Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо азму иродаи қавӣ ва ҳиссиёти баланди меҳанпарастӣ тамоми вазниниро ба душ гирифта хоки Тоҷикистон ва мардуми аззияткашидаро аз оташи ҷангу навмедиҳо берун кашад.
Тавре баён гардид, саҳми пурарзиши Президенти кишвар пеш аз ҳама дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва оромии хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки зина ба зина то ба ин рӯзи неку равшан расида, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Ҳозирин иброз доштанд, ки муҳимтарин дастоварде, ки тоҷикон доро ҳастанд, яъне сулҳу амният, онро бояд чун гавҳараки чашми худ ҳифз карда, аз неъматҳои бемисли миллӣ баҳравар гарданд. Маҳз оромиву осудагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар хонадони тоҷик имкон медиҳад, ки дигар дастовардҳо низ дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёт ва устувории пояҳои иқтисод пайваста ба миён ояд ва дар роҳи созандагиву ободонии Ватан минбаъд ҳар яки мо бо хираду андешаи солим ба қаҳрамонии Президенти мамлакат пайрав бошем. Њамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.