ХАБАРҲО
2020-12-25: Муаррифӣ ва ғолибияти ду корхонаи ватанӣ дар озмуни ИДМ
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 дар натиљаи амалї намудани корњои фањмондадињї мутахассисон барои иштироки корхонањои саноатии кишвар дар озмуни дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ мусоидат намуданд. Чунончї, бо мусоидати бевоситаи мутахассисон дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ- ҶДММ КМ «Силкоат бойя» (истењсоли масолењи сохтмонї) аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» (истењсоли мањсулоти нассољї,љўроб) аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур пешбарӣ шуда буданд. Дар љаласаи навбатии Шўрои иќтисодии давлатњои аъзои ИДМ, ки санаи 13 марти соли 2020 дар шањри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ин корхонањои ватанї ба љоизањои балантарини озмун –Лауреати озмун сарфароз гаштанд.
Имрўз дар доираи баргузории љаласаи 58 - уми Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатњои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, ки дар кори он дар баробари роњбарият ва масъулоти Агентии Тољикстандарт инчунин, намояндагони ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» иштирок доштанд.
Дар љаласа ба ѓолибони озмун аз давлатњои аъзои ИДМ, аз љумла ба ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон љоизањо бо тантана супорида шуданд.
Тибќи ќарори љаласаи навбатии Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатњои аъзои ИДМ дар соли 2021 гузаронидани озмуни навбатии «Дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ» ба наќша гирифта шудааст. Айни њол дар вилоятњои Хатлон ва Суѓд корњои фањмондадињї барои иштироки корхонањои истењсолї дар озмуни мазкур амалї карда шуда, барои љалби онњо љињати иштирок дар озмун корњо идома дорад.