ХАБАРҲО
2020-11-25: Лоињаи нињоии регламентии техникии Ҷумњурии Точикистон “Бехатарии маводи рангубор ” бо ишироки истењсолкунандагони ватанї
Тайи чанд моњ мешавад, ки бо маќсади ба танзим даровардани меъёрњои сифат ва бехатарии мањсулоти рангубори ороишї аз тарафи мутахассисони раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї дар якљоягї бо тарафњои манфиатдор лоињаи Регламенти техникии “Бехатарии маводи рангубор” тањия гардида истодааст. Регламенти техникии мазкур бо таклифу пешнињоди тарафњои манфиатдор омода ва такмил дода шуда, лоињаи нињоии он санаи 24 ноябри соли 2020 дар бинои Агентї бо иштироки истењсолкунандагони ватанї мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар асоси лоиња Регламенти техникии тањияшуда ба маҳсулоти зерини рангубор, ки объектҳои бамеъёрдарории техникӣ буда, дар њудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, татбиқ карда мешавад:
- рангҳо;
- лакҳо;
- таҳрангҳо;
- таҳрангҳои миноӣ;
- маҳсулоти рангубории обӣ-дисперсионӣ;
- маҳсулоти рангубории бисёртаркиба (бисёрқисмата);
- маҳсулоти рангубории навъи хока;
- маҳсулоти рангуборӣ дар борҷомаҳои аэрозолӣ;
- таҳранги сирдор;
- рангҳои лоҷвардӣ;
- парварарангҳо;
- рангҳо барои муҳофизати чӯб;
- ишҳобаоб барои мағзи чӯб;
- таркибҳои муҳофизаткунандаи оташ;
- андоваҳои ороишӣ;
- рангмолӣ;
- равғани алиф.
Бояд ќайд кард, ки тайи солњои охир дар баробари рушди илму техника ва бо љорї намудани роњу усулњои нав истењсоли навъњои гуногуни ин мањсулот зиёд гашта, љињати бењтар намудани сифати он њангоми истењсол аз иловањои кимиёвї, аз љумла иловаи хокаи сурб истифода мебаранд. Илми муосир собит сохтааст, ки рангњои дорои консентрати баланди сурб ба одамон ва набототу њайвонот таъсири манфї мерасонад. Айни њол, барои кам намудани таъсири манфии сурб давлатњои пешрафтаи љањон меъёри истифодаи сурбро дар таркиби рангњо мањдуд намуда, онро ба танзим даровардаанд. Тибќи лоињаи пешбинигардида дар таркиби маҳсулоти рангубор барои ранг кардани сатҳи дохилии биноҳои истиқоматӣ ва (ё) ҷамъиятӣ, сатҳи дохилию берунӣ ва маҳсулоти мебел, майдончаҳои бозии кӯдакон, ашёҳо барои кӯдакон ва наврасон, аттраксионҳо, маҳсулоти бо хӯрокворӣ ва барои ранг кардани таҷҳизоти обтозакунию коркарди об алоқамандидошта, таркиби сурб нисбат ба бозҳисоби боқимондаи хушк набояд аз 0,009% дар маҳсулоти рангубор зиёд бошад. Њамин тариќ дар љумњурї меъёри истифодаи сурб дар таркиби рангњо ба танзим дароварда мешавад.
Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бошад, сифати ин навъи мањсулот тибќи талаботи стандартњои байнидавлатї назорат карда мешавад, ки дар ин њуљљатњо истифодаи миќдори ќўрѓошим дар таркиби рангњо ба танзим дароварда нашудааст. Чунончи, бо маќсади ба танзим даровардани меъёрњои сифати рангубор дар Љумњурии Тољикистон стандарти байнидавлатии ГОСТ 6465-76 “ Ранги Эмали ПФ-115. Талаботи умумии техникї”, ГОСТ 9825-73 “Мањсулоти рангубор. Шартњои умумии техникї” ва дигар њуљљатњои меъёрии техникї амал мекунад, ки танњо нисбати сифати ин навъи мањсулот талаботи умумии техникиро муќаррар намудааст. Дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи стандартонї”интихоби ин њуљљатњои меъёрї-техникї барои истењсолкунандагон ихтиёрї мебошад.
Аз ин рў, дар Љумњурии Тољикистон танњо њуљљати меъёрии техникии ягонае, ки талаботи њатмии бехатариро нисбати молу мањсулот муќаррар менамояд, ин регламентњои техникї мебошанд. Тањия ва ќабули ин санади меъёрии техникї дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникї” ба танзим дароварда шуда, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад.
Дар кори љаласаи баргузоргардида пешнињод шуд, ки шакли электронии лоиња барои омўзиши иловагї ба истењсолкунандагон дастрас гардида дар мўхлати 10 рўз пешнињодњои худро ба унвонии Агентї ирсол намоянд.
Барасии лоињаи нињоии Регламенти техникї бо иштироки намояндагони вазорату идорањои дахлдор дањаи якуми моњи декабри соли љорї дар Агентии Тољикстандарт пешбинї гардидааст.