ХАБАРҲО
2020-11-26: Баргузории Форуми 13-уми Њамкорињо байни «Љумњурии Корея ва давлатњои Осиёи Марказї»
Санаи 25ноябри соли 2020 мутахассисони раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт дар сесияи 3-уми Форуми 13 - уми њамкорињо байни давлатњои «Љумњурии Корея ва Осиёи Марказї», ки бо тариќи видеоонлайн дар самти стандартонї баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ташкилкунандаи форуми мазкур Љумњурии Корея буда, дар сатњи баланд Љумњурии Тољикистонро дар ин Форум Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон муаррифї намуда, бевосита дар кори Форум дар шањри Сеул иштирок доштанд. Инчунин дар сесияи 3-юми Форуми мазкур оид ба стандартонї намояндагон аз Љумњурињои Ќирѓизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Корея иштирок доштанд. Иштирок дар кори сессия тариќи видеоонлайн бо барномаи ZOOM ба роњ монда шуд. Дар рафти кори сессияи 3-уми Форум намояндагон аз давлатњои иштироккунанда бо навбат баромад намуда, оиди фаъолияти маќоми стандартонии кишварашон маълумот бо тариќи рўнамо пешнињод намуданд. Сарраввал намояндаи Љумњурии Корея аз Агентии кореягї оид ба технология ва стандартњо (КАТС) баромад намуда, мухтасар дар бораи фаъолити Агентї њангоми пандемия суханронї намуда, дар бораи њуљљатњои тањиягардида маълумот пешнињод намуд. Инчунин дар баромади худ њисоботњои омориро дар бораи таъсири пандемия КОВИД 19 дар сайёра пешнињод намуданд.
Дар Форуми мазкур мутахаасисон дар бораи санадњои меъёрии соњаи танзими техникї то ва баъди дохил шудани Љумњурии Тољикистон ба Созмони Умумиљањони Савдо (СУС), аз он љумла дар бораи фонди стандартњои давлатї дар Љумњурии Тољикистон маълумоти мухтасар пешнињод намудам. Дар баромади худ оид ба иљро Супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи тањияи намудани њуљљатњои меъёрии техникї њангоми хуруљи пандемия барои ниќобњои муњофизатии индивидуалї, мањлулњои антисептикї ва либосњои махсус барои кормандони соњаи тиб, ки бевосита ба муолиљаи беморон машѓуланд маълумот пешнињод намуданд. Ќайд карда шуд, ки Агентии Тољикстандарт дар ин давра Роњнамо барои пешгирї аз пањншавии пандемия КОВИД 19 барои кормандони нуќтањои савдо ва хизматрасонї низ тањия намудааст. Роњнамо аз маљмўи тавсияњо ва чорањои пешгирї барои кам намудани хавфи сироятгардї аз коронавирус мебошад. Роњнамо дар њаљми 10000 дона ройгон ба нуќтањои савдо ва хизматрасонї таќсим карда шуд.
Дигар масъала, ки дар рўнамо пешкаш гардида буд, ин ба њамкорињо дар формати “Љумњурии Корея ва Осиёи Марказї” буд. Дар баромадам ќайд намудам. ки хамкорињои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Агентии кореягї оид ба технология ва стандартҳои Вазорати савдо, саноат ва энергетикаи Љумҳурии Корея (КАТС) бори аввал бо дастгирии Вазоратњои корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Корея дар Форуми 12 уми њамкорињои байни Љумњурии Корея ва давлатњои Осиёи Марказї, ки дар шањри Нурсултони Љумњурии Ќазоќистон баргузор гардид, оѓоз гардиданд. Дар ин Форум тарафњо изњори њамкорї намуда буданд. Дар ин муддат Агентии Кореягї оид ба технология ва стандартњо (КАТС) лоињаи Меморандум оид ба Њамкорињо дар самти стандартизатсия, сертификатсия, бањодињии мутобиќат ва бамеъёрдарории техникї тањия намуда ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намуд. Агентии Тољикстандарт дар соли 2020 Меморандуми мазкурро аз расмиёти дохилидавлатї гузаронида, барои ба имзо расонидан тибќи тартиби муќаррарагардида ба Форуми 13-ум Њамкорињои “Љумњурии Корея ва давлатњои Осиёи Марказї” ба Агентии Кореягї оид ба технология ва стандартњо (КАТС) пешнињод намуданд.
Дар охири љаласа бо пешнињод шуд, ки масъалаи хамкорињои маќоми стандартонии Љумњурии Корея ва давлатњои Осиёи Маркази ба Протоколи Форуми 13 ум дохил карда шуда, ваќти баргузории вохурињои њарсола муайян карда шавад. Пешнињоди мазкурр ќобили дастгирї шуморида шуд.