ХАБАРҲО

2020-09-15: Сулҳи кишвари ман пойдор бод!  

                             Сулҳи кишвари ман пойдор бод!     

     Хушбахтӣ аз ин беш нест, ки ҳар шаб, сар ба болин, паҳлуи наздикону пайвандон бо хотири ҷамъу осуда мегузорему ва боз субҳгоҳон дар фазои орому осудаи Ватан бо хушҳолӣ бармехезем. Ҳангоми ба ҷое рафтан ҳар гоҳ, чи шабу чи рӯз аз ҳавои покизаву соф нафас мекашем ва озодона, бе он ки дар диламон хавфу хатаре бошад, дар кӯчаҳои шаҳрамон ва ҳар гӯшаи хоки ватани биҳиштосо қадам мезанем ва ё сафар мекунем. Шояд дар ин ҳангом, ки  барои миллати тоҷик  чунин як неъмати беназир, сулҳу суббот насиб гардидаасту зиндагии осоиштаеро ба сар мебарад, қисме аз сокинони сайёраи мо дар ҳолатҳои даҳшатноке ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ва тифлаконашонро паси сар мекунанд ва шояд барои порае нону обе сахт ниёз дошта бошанду барои зинда мондан мубориза мебаранду сад ранҷу сахтиро аз сар мегузаронанд. Ин ду ҳолатро мантиқан дар тарозуи ақл бояд баркашид. Ин гуфтаҳо барои мардуми мо низ бегона нест. Даҳшати хунрезиҳо, фирору бесарусомонӣ, фазои пурдуду ғализ аз оташи ҷанг, садои таркишҳову тиру туфанг, хонаҳои ба коми оташ фурурафтаи ободи мардуми тоҷик ва марги фарзандони дар хун оғушта ва наздикони бедаракгаштаи худро ҳеҷ як аз модарону хоҳарон ва падарон фаромуш карда наметавонанд. Ин дарди ҷонкоҳ ҳанӯз ҳам синаи модари тоҷикро бо сад аламу сузиш мешикофад. Таърихи нангинест, фаромушношуданӣ.

        Шукр ҳама паси сар шуд. Сарвари гиромиқадру хирадманди тоҷик Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи ҳама ин доғро бо синаи паҳнои мардонагӣ дар айёме, ки ҷасорату далерии бузурге мебоист, сипар гашт. Кишвари тоҷикро бо болҳои меҳру муҳаббату ғамхорӣ фаро гирифт, орузуву омоли ҳар модари ҷигарсӯхтаро бо баҳори сулҳу оромиш гулпӯш гардонид. Муҳимтарин рисолати ватандориро дар ҳассостарин давраи таърихӣ анҷом дод ва тоҷикро аз фирору ғурбату парокандӣ ба хонаи ягонаи худ, Тоҷикистон пасгардонид ва дар рӯи замини поку муқаддаси Меҳан тухми ваҳдату якдилиро бикошт.

    Ба бахту иқболи тоҷикон кишвари мо ҳам баъд аз хотимаи ин шуру шари фаромушнашавандаи таърих  роҳро ба сӯи нури ҳаёт, ояндаи пурҷилову рангин, тараққиёт, рушду дастовардҳои муосир ба рӯи худ боз карда ба дунёи наву тозаи соҳибистиқлолӣ ва саҳифаҳои заррини таърихӣ ворид гардид. Дар ин самт албатта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тули ин қадар солҳо заҳмати зиёде кашидааст, то Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳоли рушду тараққиёт қарор бигирад ва дар миёни кишварҳои олам мақоми хоссаеро касб намояду сари миллатро бо нангу номуси ватандорӣ баланд бардорад.

    Пойдориву устувор гардонидани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, ки заминаи асосии пешрафту ободии ҳар давлату бақодории ҳар милатест, роҳи тулонӣ ва пурпечутобе буд. Барои ҳар ҷомеае, ки бо чунин даҳшат рӯ ба рӯ гардида буд, ҳифзу ҳимояи торҳои нозуки он ақлу хиради баландро тақозо мекунад, то камтарин хатое решаҳои ин неъмати беназири ҳаёти инсониро коставу хароб нагардонад. Магар инсон метавонад ҳамеша дар ҳолати ҳисси хавфу хатар зиндагиро идома бахшад? Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, ки ҳаёт дар рӯи замин дар чунин шакл бақодор бимонад ва насли инсонӣ идомабахши зиндагӣ гардад. Дарси дардноки гузаштаи худро мо тоҷикон бояд барои ҳамеша дар як гӯшаи хотирот ҳифз карда бошем ва барои ояндаи неки фарзандон ҳаргиз  шароите фароҳам наорем, ки миллату давлатро ба хатаре дучор гардонанд. Зиндагии ширини имрӯзи худро, ки зарра-зарра тули солҳо гирд овардаем парешону пош накунем. Инсонро танҳо чанд муддат дар рӯи зиндагӣ   умр ба сар бурдан насиб гаштаасту бас. Пас набояд онро барбод диҳем ва онро дар азобу уқубати ҷангу талошҳои бемаънӣ паси сар гардонем ва дар баробари ин ҳаёти фарзандону наздиконро ҳам талху ноком гардонем. Аз ин ҳаёти орому осуда, ободиву шукуфоӣ мебояд баҳра бурд, барои пешрафти Ватан бо сари баланду нангу номуси инсонӣ саҳми босазо гузошт ва ҳамчун инсони комилу худшинос арзишҳои бузургу муқаддасоти хешро арзишманду гиромӣ нигоҳ дошт. Ин Ватан аз мост, ин хоки зархезу пурганҷ аз аждодони мо то ба имрӯз ба мо расидааст. Аз ҳама хушбахтиҳо ва неъматҳои он танҳо лаззат бояд бурд. 

                                                              Ойгул  Одинаева.