ХАБАРҲО

2019-05-01: Баргузории ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи даҳҳо созмону ташкилотҳои байналхалқӣ гардида, дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар пайдо мекунад. Аз ҷумла соли 1992 баъди ба имзо расидани Созишномаи байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гардид.

Дар Шӯрои мазкур 12 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Молдова ва Украина  аъзо мебошанд. Дар Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Кумитаҳои илмӣ-техникӣ оид ба стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия фаъолият доранд, ки Агентии Тољикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ин кумитаҳо мебошанд. Ҷаласаҳои Кумитаҳои техникӣ соле ду маротиба ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ њар сол як маротиба дар яке аз давлатҳои узви Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд ва масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин масоили аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳамкориҳои соҳавӣ дар сатҳи байнидавлатї дар раванди кори љаласањо баррасӣ карда мешаванд.

Бо ташаббуси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Агентии Тоҷикстандарт тибќи наќшаи Шӯрои байнидавлатӣ аз санаи 30 апрел то 2-юми майи соли равон дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон љаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии баҳодиҳии мутобиқат ва љаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии аккредитатсия, њамзамон љаласаи 10-ум оид ба баргузории Созмони минтаќавї дар самти аккредитатсия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои байнидавлатӣ, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он иштирок намуданд. Ҷаласаро сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии Тоҷикстандарт Раҳмоншо Давлатзода ифтитоҳ намуда, оиди мавқеи Тоҷикистон дар Шӯрои байнидавлатӣ ва комиссияҳои илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия суханронӣ намуд. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, зеро дар татбиқи ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирӣ ватанӣ ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкилоту созмонҳо вобаста баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Намояндаи шӯрои байнидавлатӣ, директори бюро оид ба стандартҳо-котиби масъули шӯро Владимир Черняк аз мақсаду мароми ҷаласаи навбатӣ ҳарф зада, оиди дастоварҳо ва камбудиҳо дар самти татбиқи қарору санадҳои Шурои байнидавлатӣ аз ҷониби аъзоёни он андешаҳои худро баён намуд.

Мақсади баргузории ҷаласаҳои мазкур пеш аз ҳама тартиб додани таклифу пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок барои ҳалли қарорҳои Шӯро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, ташкили ҳамкории самараноки мақомотҳои миллӣ вобаста ба тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин такмили асосҳои регламентҳои техникӣ дар соҳаҳои номбурда мебошад.

Зикр карда шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмангардонии соҳибкорони истеҳсолии аъзоёни Шӯро озмуни маҳсулоти беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда мешавад, ки ин барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.