ХАБАРҲО

2019-04-30: Омӯзиш – омили муҳими рӯ овардан ба сифат

 Дар шањри Бохтар рўзи 24 апрели соли равон бо иќдоми Агентии Тољикстандарт ва иштироки намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, соњибкорону истеъмолкунандагони ватанї, бахусус, истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї семинар – машварати омўзишї дар мавзўи «Риояи талаботи Регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї – омили асосии истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар љињати амалї намудани њадафи чоруми миллї – саноаткунонии босуръати кишвар ва муосидат ба рушди содироту саноат» баргузор гардид.

Семинар-машварати омўзишї дар толори Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд, ки дар он муовини директори Агентии Тољикстандарт Шерзода Ситора Љалол, муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоњир, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон Сайдализода Љурахон Ќурбон ва беш аз сад нафар соњибкорону истењсолкунандагон ширкат варзиданд.

Масъулини Агентии Тољикстандарт ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон таъкид доштанд, ки семинари мазкур бо маќсади амалї намудани њадафи чоруми стратегии миллї - саноаткунонии босуръати кишвар, мусоидат ба рушди содирот, раќобатпазир гардонидани молу мањсулоти ватанї дар бозори љањонї дар доираи «300 рўзи ислоњот оид ба дастгирии соњибкорї ва бењтар намудани фазои сармоягузорї» гузаронида мешавад.

Мутахассисони Агентии Тољикстандарт бо маърўзањои тањлилї тавассути презентатсия бо истифода аз таљњизоти электронї дар мавзўъњои «Талаботи санадњои меъёрї – њуќуќї ва техникї оид ба сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокорї», «Љорї намудани стандарти байналмилалии пахта», «Љорї намудани стандартњои байналмилалї дар корхонањо ва афзалиятњои он» баромад намуда, моњият ва зарурати риояи талаботи Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистонро ба истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї тавзењ доданд. Њамзамон таъкид гардид, ки гузаштан ба низоми идоракунии сифат таќозои љањони муосир буда, бояд ин низом дар корхонаю коргоњњои истењсолї бештар амалї гардад. Иштирокчиёни дар љараёни њамоиш аз роњбарону мутахассисони Агентии Тољикстандарт ва Маркази вилоятии Тољикстандарт ба суолњои худ вобаста ба йоднокгардонии намак, борљомаи мањсулот, талаботи меъёрњои стандартњои байналмилалї љавобњои мушаххас гирифтанд.

Истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї, дўзандагї ва дигар молу мањсулот аз семинар - машварати омўзишї таассуроти амиќ бардошта, баргузор намудани чунин машваратњоро барои баланд бардоштани савияи донишу малака, маърифати њуќуќї, мусоидат ба рушди соњибкорї, таъсиси љойњои нави корї, расидан ба зиндагии шоиста ва бо молу мањсулоти раќобатпазир муаррифї намудани Тољикистон дар арсаи љањонї муњим арзёбї доштанд.

Гузаронидани машваратњои омўзишї ба пешбурди корњои фањмондадињї, ворид намудани технологияњои навин, гузариш ба низоми идоракунии сифат ба истењсоли молу мањсулоти босифат заминаи воќеї фароњам меорад.