ХАБАРҲО

2017-12-15: Талабот ба тамѓагузории бозичањо

 

Регламенти техникии «Бехатарии бозичањо» дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» тањия шуда, талаботи њатмиро ба бозичањо бо маќсади њифзи њаёт ва саломатии кўдакон ва шахсони парасторикунандаи онњо, њамчунин огоњ намудани амалњое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичањоро нисбат ба таъинот ва бехатарии онњо ва њифзи муњити зист, ба иштибоњ мебаранд, муќаррар менамояд.

 Тамѓагузории бозичањо бояд боварибахш, санљидашуда, аниќ, осон хондашаванда, барои муоина ва њаммонандсозї дастрас бошад.

 Тамѓагузорї аз тарафи истењсолкунанда (шахси ваколатдори истењсолкунанда) ва воридкунандаи мањсулот амалї карда мешавад. Љой ва тарзи насби тамѓагузорї аз тарафи истењсолкунада (шахси ваколатдори истењсолкунанда) ва воридкунанда муайян мегардад.

 Тамѓагузорї бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- номгўи бозичањо;

- номи кишвари истењсолкунандаи бозича;

- ном ва макони љойгиршавии истењсолкунанда (шахси ваколатдори истењсолкунанда), воридкунанда, маълумот барои тамос бо онњо;

- нишонаи молии истењсолкунанда (њангоми мављудият);

- синни аќалии кўдак, ки бозича барои он таъин шудааст ё тасвирњои шартии (пиктограммаи) ифодакунандаи синни кўдак;

- маводи асосии тарроњї (барои кўдакони то 3-сола) (њангоми зарурат);

- тарзи нигоњдории бозича (њангоми зарурат);

- санаи истењсол (моњ, сол);

- муњлати хизматрасонї (дар њолати муќаррар намудани он) ва муњлати истифодабарї (њангоми љой додан дар мањсулоти хўрокворї);

- шароити нигоњдорї (њангоми зарурат ва дар њолати љой додани бозича дар мањсулоти хўрокворї).

 Вобаста аз намуди бозичањо дар мундариљаи тамѓагузорї дохил карда мешавад: маљмўъшуда (барои маљмўаи бозичањо), ќоидањои истифодабарии бозичањо, тариќи коркарди бењдоштї (гигиенї), чорањои бехатарї њангоми истифодабарии бозичањо, навиштаљоти огоњкунанда, дастур барои пайваст намудан.

Маълумоти огоњкунанда бояд дорои нишондод дар бораи чорањои махсуси эњтиётї њангоми истифодабарї, ки дар замимаи Регламенти техникии мазкур дарљ шудааст, бошад.

 Тамѓагузорї ва њуљљатгузории техникї, ки дар дохили борљомаи бозичањо љой дода мешавад, бояд ба забонњои давлатї ва (ё) русї иљро карда шавад.