ХАБАРҲО

2019-01-02: ҲАМОВОЗӢ БА ПАЁМ

 

  • ДАР ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛАМОН
  • САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Давлатзода Ќудрат, Директори Агентии Тољикстандарт

Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталиф - иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар умум ҳаётӣ буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад ва танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созандаи халќи бузургвори тољик зарур аст, ки ба њадафњои муайяннамудаамон бирасем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳањои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намуданд, ки ба андешаи мо, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.

Зимни ироаи Паём зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти  мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки Агентї ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид омадааст: «Пешнињод менамоям, ки бо маќсади дастгирии минбаъдаи соњибкорон дар кишварамон «300 рўзи ислоњот оид ба дастгирии соњибкорї ва бењтар намудани фазои сармоягузорї» амалї карда шавад».

Бо назардошти ин дастгирии соњибкорї ва дар ин замина баланд бардоштани сифату раќобатпазирии мањсулоти ватанї дар мењвари асосии фаъолияти Агентї ќарор дода шуда, дар ин самт корњои мушаххас роњандозї мешаванд.

Баъди омӯзиш ва баррасии ин ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ гардидани нишондодҳои Паём нисбати рушди соҳибкории хурду миёна ва муносибат бо соҳибкорон тарзи корбарии кормандон куллӣ тағйир дода мешавад. Мусаллам аст, ки ба зиммаи Агентии Тоҷикстандарт амалигардонии як силсила санадњое, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатњи истењсоли мањсулоти ватанї, раќобатпазирии он ва ҳифзи бозори истеъмолии кишварамон равона шуданд, вогузор гардидааст. Бинобар ин, раванди корҳои фаҳмондадиҳї ҳарчӣ бештар вусъат дода мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки беҳбуд ёфтани маърифати ҳуқуқии истеъмокунандагон ва истењсолкунандагон барои татбиқи қонунҳо омили асосист ва дар раванди вусъат додани соҳибкории хурду миёна нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он ниҳоят бузург аст.

Бояд эътироф намоем, ки тайи солњои соҳибистиқлолии кишварамон нерӯи созандагӣ ва саъю кӯшиши бунёдкоронаи ҳамдиёронамон барои ободонии кишвар хеле афзуда, сатҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва шаҳрвандии онҳо ботадриљ боло рафтааст.

Вақти он расидааст, ки ҳар яки мо зимни фаъолияти худ новобаста аз он ки дар кадом соҳа фаъолият дорем, дасту дили пок дошта бошему дар ҷараёни фаъолияти ҳамарӯзаи хеш бањри рушду тараќќиёти кишвари азизамон-Тољикистони бињиштосо кўшиш ба харљ дињем.