ХАБАРҲО

2018-12-25: Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ

25 декабр дар бинои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон тањти раисии муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон - Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Азим Иброњим ва иштироки аъзоёни Шўро аз њисоби вазорату идорањои дахлдор љаласаи ёздањуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ доир гардид.

Зимни баррасии масъалаи рўзнома, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Азим Иброњим аз фаъолияти маќомоти аъзои Шўро натиљагирї намуда, аз љумла ќайд кард, ки тибќи тањлилњо дар самти њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти ѓизоии ба саломатї хатарнок ва пешгирии истењсоли мањсулоти пастсифат дар љумњурї њоло њам фаъолияти маќомоти аъзои Шўро ќаноатбахш нест.

Њамзамон изњор дошт, ки тайи рўзњои охир тариќи воситањои ахбори омма садњо њолати ошкоркунии мањсулоти воридотї ва истењсоли дохилии пастсифат аз тарафи маќомоти ваколатдор ба намоиш гузошта шуда истодааст. Аз вазъияти љойдошта чунин натиљагирї мешавад, ки њамоњангии маќомоти назоратї коста шудааст. Пас ќабули ќарорњо дар љамъомадњои Шўро ва таъкидњо оид ба таќвият додани њамкорињои байни маќомотњо дар самти њимояи бозори истеъмолї натиљањои дилхоњ надодаанд. Бо назардошти вазъи љойдошта дар љаласаи навбатии Шўро бояд роњу усулњои пешгирии воридоти мањсулоти пастсифати ѓизої, ба хусус мањсулоти гўштию шириро муайян намуда, барои ба роњ мондани фаъолияти босамар ќарор ќабул намоем.

Инчунин, дар ин самт Раиси Шўро аъзоёнро ба воќеънигорию масъулиятнокї, баланд бардоштани њисси ватандорию бетафовут набудан ба саломатии ањолии мамлакат, мунтазам ба роњ мондани корњои фањмондадињї ба истењсолкунандагону истеъмолкунандагон даъват намуд.

Сипас, масъулин оид ба таъмини бехатарии мањсулоти ѓизої ва дар ин замина пешгирии воридоти мањсулоти хўроквории пастсифат ва ба саломатї хатарнок, њолатњои сироятёбии ањолї аз истеъмоли мањсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита таќвият додани корњои фањмондадињї ба ањолї тариќи ВАО, боз њам таќвият додани назорати истењсол ва фурўши мањсулоти хўрокворї, дар корхонањои ватанї љорї намудани талаботи низоми идоракунии сифат тибќи талаботи стандартњои байналмилалии силсилаи ИСО, тањия ва таљдиди санадњои меъёрї-њуќуќї, ба роњ мондани корњои фањмондадињї, омўзиш, таъмини корхонањо бо Регламентњои техникї, мустањкам намудани њамкории маќомоти назоратї дар ин соња яке аз омилњои асосии пешгирии воридоти мањсулоти пастсифат ба бозори истеъмолї такмил додани озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти хўрокворї ибрози аќида намуданд. Аз љумла ќайд гардид, ки њоло њам њастанд соњибкороне, ки аз коњиш ёфтани санљишњо истифода бурда, ба сифати мањсулоти хўрокворї ањамияти љиддї намедињанд. Дар ин раванд зарур аст, ки њамкорї бо воситањои ахбори омма таќвият дода шуда, њамчунин тариќи сомонањои иљтимої корњои фањмондадињї ба ањолї (њам истењсолкунандагону воридкунандагон, њам истеъмолкунандагон) зиёд карда шавад.

Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои пешбинигардида, инчунин, Нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 мавриди муњокимаи аъзоён ќарор дода шуд.

Дар охир Раиси Шўро таъкид дошт, ки дар адои вазифа воќеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд ба љомеа хизмат намоед ва њељ ваќт фаромўш насозед, ки имрўз мову Шумо барои саломати мардуми кишвар ва њифзи генофонди миллї масъулем. Хоњиш мекунам ин гуфтаро шиори њамарўзаи фаъолияти худ ва кормандонатон намоед ва бо дасту дили пок кор кунед.

Худ шоњиди он њастед, ки солњои охир дар байни ањолї навъњои гуногуни беморињо, ки бевосита ба истеъмоли мањсулоти хўрокворї алоќамандї доранд, ба ќайд гирифта шудаанд ва моро водор месозад, ки бо масъулияти љиддї фаъолият намуда корњоро боз њам таќвият дињем.  Бо назардошти ин мо бояд пеш аз њама тањлил дошта бошем ва роњњои ислоњи камбудињову баланд бардоштани маърифати њуќуќии истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро дарёб намоем.

Бовар дорам, ки масъалаҳои дар љаласаи имрӯза баррасишуда низ ба ҳалли масоили муҳими фаъолияти маќомоте, ки бевосита ба бехатарии мањсулоти хўрокворї ва њифзи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти пастсифат ва ба саломатї хатарнок нигаронида шудаанд, мусоидат менамоянд.