ХАБАРҲО

2018-12-21: Таҳияи лоиҳаи регламенти техникӣ «Бехатарии гази табии сўзишвории омодакардашуда барои интиқол ва истифодабарӣ» оғоз гардид.

Аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи бамеъёрдарории техникї дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон таҳияи лоиҳаи регламенти Љумњурии Тољикистон «Бехатарии гази табии сўзишвории омодакардашуда барои интиќол ва истифодабарӣ» оғоз гардидааст.

Дар тањияи лоиҳаи мазкур мутахассисони Раёсти бамеъёрдарории техникї ва стандартонї бо ҷалби коршиносони идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Лоиҳаи мазкур тибќи талаботи Қонуни Ҷумњурии Тољикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникї” тањия  гардида, бо маќсади  ба танзим даровардани бозори истеъмоли ва муќаррар намудани талаботи ягона ба гази табии сўзишвории омодакардашуда барои интиќол ва истифодабарӣ, омода шудааст. Лоињаи мазкур инчунин бо маќсади њифзи њаёт ва саломатии инсон, амвол, муњити зист, њаёту саломатии њайвонот ва наботот, огоњсозии амалњое, ки истеъмолкунандагонро (истифода-барандагонро) ба иштибоњ мебаранд, тањия гардидааст.

Дар регламенти мазкур талаботњо нисбати гази табии сўзишворї (ГТС), гази табиии сўзишвории фишурдашуда (компримированный), гази табиии сўзишвории таъиноти саноатї ва коммуналї-маишї ва гази табиии сўзишвории моеъ (ГТСМ) муќаррар гардида, таъмини бехатарии техникии  таљњизотњои асоси ва ёрирасон ва пешгирии бехатари аз сўхтор ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин дар лоињаи регламенти мазкур  талабот нисбати Шабакањои компрессории газпуркинии автомобилї (ШКГПА) муќаррар гардидаанд.

Њамазамон, дар лоињаи регламенти техникии мазкур бањодињии мутобиќати мањсулот,назорати давлатии он муќаррар гардида ба талаботњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии техникии байналмилалї ва минтаќавї мухолифат намекунад.

Айни ҳол лоиҳаи регламенти техникӣ дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Тарафҳои манфиатдор метавонанд пешниҳодоти худро нисбати лоиҳа ба унвонии Агентии Тоҷикстандарт ирсол намоянд.

 

Лоиҳаи регламенти техникии «Бехатарии гази табии сўзишвории омодакардашуда барои интиќол ва истифодабарӣ» (ФОРМАТ PDF)