ХАБАРҲО

2018-11-08: Сифат ва зебоиро ақли солим ва дастони моҳири инсон меофарад

8 ноябр Рўзи умумиљаҳонии сифат эълон шудааст. Маќсад аз таљлили ин рўз - баланд бардоштани муҳиммияти сифати маҳсулот ва хизматрасонии аъло мебошад. Рўзи умумиљаҳонии сифат (World Quality Day)- чорабиниест, ки ҳамасола рўзи паљшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад. Таљлили ин Рўз бо ташаббуси Ташкилоти аврупоии сифат (ТАС) (European Organization for Quality. EOQ) ва бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ќабул шудааст. Рўзи умумиљаҳонии сифат соли 1990 ќабул шудааст. Баъд аз шаш сол бошад, Ташкилоти аврупоии сифат ҳафтаи онро, ки панљшанбеи дуюми моҳи ноябр ба он рост меояд, хафтаи Аврупоии Сифат (European Quality Week) эълон намуд. Маќсади таљлили Рузи умумиљаҳонии сифат баланд бардоштани мавќеи сифати олии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, инчунин фаъолгардонии намудњо фаъолият, ки таваљљуҳи бештарро ба масъалаҳои сифат љалб менамояд, нигаронида шудаанд. Зеро сухан натанҳо дар бораи бехатарии молу маҳсулот барои инсон ва муҳити зист, балки оид ба сатҳи ќонеъ гардидани талабот ва ќонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунадагон меравад. Масъалаи сифат - яке аз масъалаҳои афзалиятноки иќисодёти мамлакатҳои пешрафта мебошад.

Ҳафтаи аврупоии сифат ҳамчун падидаи намоёни љаҳонї ба шумор рафта, гузаронидани иќдомҳое, ки ба љалби таваљљуҳи љомеа дар масъалаи сифат ва намоиши дастовардҳо, инчунин муҳиммияти сифат дар раќобатпазирї дар доираи Иттиҳоди Арупо равона шудааст, дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки чорабиниҳое, ки ҳамасола дар ин Рўз гузаронида мешаванд, мавзўи муайянро дар бар мегиранд. Масъалаи сифат- яке аз масъалаҳои афзалиятноки иќисодиёти мамлакатҳои пешрафта мебошад. Дар шароити муосир сифат ҳамчун калиди музаффарияти фаъолияти ҳар корхона ва самти истеҳсолот, инчунин ҳар як давлат мебошад. Мафҳуми сифат бо ибораи беҳдоштҳои тамаддуни муосир, сифати зиндагї,- ин ҳам бошад ба беҳдошти муҳити зист, солимии љисмонї, осудагии ҳолати равонии инсон пайваста мебошад.

Дар мамлакати мо сиёсати давлатї дар самти сифат ба таъмини раќобатнокии маҳсулоти ватанї ва хизматрасониҳо, чи дар борзори дохилї ва чи дар бозори беруна барои рушди муътадили иќтисоди Тољикистон, тамини шуѓлнокии аҳолї, ҳалли масъалаҳои иљтимої ва ниҳоят баланд бардоштани сифати зиндагии шањрвандон равона гардидааст.

Ҳанӯз дар давраи Сомониён ба сифат ва тарзи бозордорӣ аҳамияти махсус медоданд. Яке аз девон (вазорат)-ҳои давлати Сомониён, ки «Муҳтасиб» ном дошт, меъёри бозору бозордориро таҳти назорат қарор дода буд. Яъне тибқи меъёрҳои ҳамонвақта ба масъалаҳои меъёршиносӣ, тарозудорӣ ва сифати маҳсулот назорат бурда мешуд. Пас мо вазифадорем, ки ин анъанаи неки ниёгонамонро пос дошта бозори истеъмолиамонро аз молҳои пастсифат эмин нигоҳ дорем. Аз тарафи дигар мувофиқат кунонидани сифати маҳсулоти ба бозори истеъмолӣ воридшаванда ба стандартҳо ва меъёрҳои давлатӣ ба сиҳативу саломатӣ ва ояндаи миллат вобастагии калон дорад.

Аз ин лиҳоз, фаъолияти асосии кормандони Агентии Тоҷикстандарт ва мақомоти он дар маҳалҳо аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои меъёрӣ дар ҷумҳурӣ ба назорат гирифта шуда ба танзим дароварда шаванд. Чи тавре ки дар урфият мегӯянд, «Роҳи дуру дароз аз як қадам масофа оғоз меёбад». Яъне сифатнок кор кардан, сифатнок хизмат расонидан, сифатнок маҳсулот истеҳсол кардан, ба рақобат тобовар намудани маҳсулоти ватанӣ меҳнат, дониш ва масъулияти калон доштанро тақозо менамояд. Дар ин ҷабҳа дар Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он як қатор корҳо анҷом дода шудааст. Тоҷикстандарт бо роҳи таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар харидорӣ намудани маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати экологӣ тоза, босифат ва барои саломатӣ бехатар кўшиш ба харљ медињад.

Њамзамон, дар ин самт барои боз ҳам беҳтар кардани сифати маҳсулоти бозори истеъмолӣ ёрӣ ва дастгирии бевоситаи соҳибкорон лозим аст. Агентии Тоҷикстандарт мунтазам он соҳибкоронеро, ки ба ҷумҳурӣ молу маводи босифат ворид сохта, қоидаву меъёрҳои мавҷударо риоя мекунанд, барои ободонии мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ кӯшиш ба харҷ дастгирї менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳама гуна шуғлу амали мо бояд тартиб, этика, меъёр ва сифату зебогии хешро дошта бошад ва пеш аз он, ки мо маҳсулоти хушсифату бозоргирро истеҳсол намоем, бояд аввал соҳиби чунин табъ бошем, яъне куллан зебоипараст бояд буд.