ХАБАРҲО

2018-10-30: Тањияи Стандарти нави ТЉ.FFV-63 «Хурмо» – мусоидат ба содирот

26 октябри  соли љорї ҳайати Гурўҳи техникї бо роҳбарии муовини директори Агентї  Шерзода С.Љ., кормандони Агентї - масъулини таҳияи Стандарти байналмилалии меваи Хурмо дар ҳайати: Норматова Н.П., Эмомов И., Раљабов Ҳ., Ќаюмов Ф., Абдуллоев Б., Самиев Н. ва соҳибкорони маҳаллї тибќи наќша, љаласаи машваратии сайёрро дар хољагии деҳќонии «Сунбула»-и ноҳияи Ҳисор баргузор намуд.

Дар љаласаи мазкур масъалаҳои намунагирии меваи Хурмо ва дар асоси он ба ќайд гирифтани нишондиҳандаҳои зарурї аз љумла: нуќсонҳои табиї, нуќсонҳои техникї, намуд, шакл, вазн, ва дигар нишондиҳандаҳо мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар натиља зиёда аз 90 намунаи меваи дарахти хурмо љамъоварї ва дар ќуттиҳои махсус љойгир карда шуд. Ҳамзамон дар рафти машварат муайян карда шуд, ки соҳибкорон дар хољагии номубурда зиёда аз 19 навъи дарахти меваи хурморо парвариш менамоянд. Аъзоёни машварат дар ҳамкорї бо соҳибкорон панљ навъи хурмо (шоҳон, ситора, лола, будёновка, хубон)- ро ба сифати аъло ҳам аз љиҳати шакл, ранг, нуќсон ва аз љиҳати нигаҳдорї ва тобоварии содиротї арзёбї намуданд.

Сипас аъзоёни гуруҳи корї машваратро дар бинои Агентї давом дода, дар он масъалаҳои баррасии Аёнияти нуќсонҳои меваи хурморо мавриди муҳокима ќарор доданд. Дар натиља аъзоён фикру-мулоҳизаҳои худро оидба  сифат ва хатогиҳои техникии љойдошта барои такмил додани аёният пешниҳод намуданд.