ХАБАРҲО

2018-10-30: Иштирок дар семинару љаласањо барои пешбурди фаъолияти соња мусоидат менамояд

Рўзњои 22 -24 октябри соли љорї дар  шахри Тошканди Љумхурии Ўзбекистон дар доираи лоихаи Дастгирии рушди инфрасохтори  сифат  семинари минтакавї дар мавзуи «Рушди инфрасохтори сифат» баргузор гардид.

Дар кори семинар мутахассисони соњаи метрология ва аккредитатсияи  љумњурињои Тољикистон, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Ќирѓизистон ва коршиносон аз Институти физикї –техникии Олмон (РТВ)  иштирок доштанд. Дар семинари мазкур аз тарафи иштирокчиён презентатсияхо оид ба Рушди инфрасохтори сифат дар бахши сохибкорї шунида шуд.

Мутахассисони раёсати метрологии Агентии Точикстандарт Манучењр Муродализода ва Мањмадназарзода Њадятулло низ дар катори дигар коршиносони соња суханронї намуда, оид ба рушди инфрасохтори сифат ва навгонихо дар бахши озмоишгоњњои метрологї, роњњои муколама бо сохибкорон ва истехсолот дар бахши хусусї маълумотхои чолиб пешниход намуданд.

Дар рўзи сеюми семинар шиносої бо озмоишгоњњои метрологии «УЗстандарт» баргузор гардида, дар ин раванд доир ба фаъолияти бахшњои метрологї ва таљњизоти муосири озмоишгоњњо маълумот гирифта шуд.

Лозим ба зикр аст, ки табодули таљриба дар доираи њамкорињо бо ташкилотњои соњавии хориљї ва иштирок дар семинару љаласањо барои пешбурди фаъолияти соња ва татбиќи талаботи стандартњои байналмилалї  мусоидат менамояд.